Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сабаб меҷўӣ? Мардуми мусулмони мо бар он ақидаанд, ки шавҳармурдаро пуф карда бигиру шавҳарбаромадаро туф.
Модоме Раъно ба шавҳари ҷавонаш хиёнат кард, пас куҷост кафолат, ки ў мўйсафедро рўирост нафурўшад? Вақте ки кор чунин ранг гирифт, некиеро интизор шудан нашояд.
– Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ў ба собиқ шавҳараш хиёнат кардааст?
– Ман мегўям, чунки маълумотро аз сарчашмае гирифтам, ки тайи даҳсолаҳо ўро омўхтаам ва боре хам хабарҳои ў аз ҳақиқат дур набуданд.
– Магар аз шавҳарат боварӣ надорӣ?
– Ин ҷо гап дар сари боварӣ ҳам нест. Модоме ки хабардиҳанда аз ман боварӣ кард, пас чӣ тавр метавонам бе розигии вай моли овардаашро фурўшам? Агар бовар намоӣ, чӣ хуб, нахоҳӣ ҳам ихтиёрат.
– Доваре беҳтар аз вақт нест. Сабр намоем, канӣ бубинем чӣ мешавад?
– Дер мешавад, дер.
– Дилатро дур набар, ҳамааш нағз мешавад. Баъди як-ду ҳафта боз ба аёдати мўйсафед меравем.
– Не, ман дигар пой бар остонаи он хона нахоҳам гузошт.
Ман афсўс бар он хўрдам, ки бо баҳси ноҷойи хеш имконият додам, то Шабнам суханашро гўяд. Шабнам бошад, сарашро медиҳаду суханашро не.
Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки дили ҷинси латиф аз кибру ғурур фарсахҳо дур аст ва чун меҳри Худованд дар қалби зан ошён мондааст, касе аз зан сухани қатъиро талабгор нест, зеро ки Оллоҳ таоло ба зан – модар дили пур аз меҳру шафқат ато фармуда. Шояд ҳамин раҳму шафқат аст, ки занро мушти пар ҳам ном мебаранд.
Шояд занҳои дар сухан устуворро Офаридгор бо рағми мардони дубозу дурўя гузоштанӣ шудааст, ки бо ҳама нозукию латифии ҷинси хеш суханро чун ганҷинаи ҳастии инсоният ҳифз кардан мехоҳанд. Шабнам ҳам шояд яке аз чунин занҳост, ки худи табиат дар қалбаш мавқеи суханро ҷой дода.
Дар зиндагии биступанҷсолаи хеш банда борҳо кўшидам, то ҳамсарамро аз чунин роҳ баргардонам. Охир, ман нағз мефаҳмам, ки он чӣ ба шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт.

пешина
аз 513
навбатӣ