Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳоло ҳамааш баръакс, зеро масъулияте, ки акнун ба душ дорам, бар хилофи кори милиса аст. Ҳарчанд ман ҷинояткорро чашми дидан надорам, маҷбурам ба ҳимояаш бархезам.
– Ман афсўс бар он мехўрам, ки шавҳари меҳрубони ман муддати ду соли кор дар адвокатура принсипҳои кори биступанҷсолаашро пеши по зад.
– Ҳаргиз ин тавр нест. Аслан назари ман нисбат ба ҷинояткорон чӣ хеле буд, тағйир наёфтааст.
– Дар ёдам ҳаст, солҳое, ки дар милиса кор мекардӣ, мегуфтӣ пешгирии ҷинояткорӣ вазифаи аввалиндараҷаи мост.
– Инкор намекунам, ҳоло ҳам вазифаи асосии милиса ин ҷилвагирӣ аз ҷиноят аст. Яъне, милиса бояд кўшиш ба харҷ диҳад ҷилави онҳоеро, ки нияти ба ҷиноят даст задан доранд, гирад. Барои ин милиса қувва ҳам дорад. Ҳамкорӣ бо милиса дар ин ҷода қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
– Пас чаро мо ҷиноятеро пешгирӣ накунем?
– Кадом ҷиноятро?
– Он чӣ ки Раъно барои боигарӣ шуда, бо фиреб дили мўйсафед Ёқуб Соибро ба даст овардааст.
– Ин ягон бадие надорад. Баръакс, ба Раъно аҳсан гуфтан лозим, ки ишқи марди пирро дар қалбаш ҷой додааст.
– Агар Раъно духтар мешуд, баҳс намекардам.
– Ба ҳар ҳол вай аз шавҳараш ҷудо шудааст - ку.
– Маро низ ҳамин кирдораш ба ташвиш овардааст.
Бубин, ў аз шавҳараш, ки ҳамагӣ ду сол аз худаш калон буд, ҷудо шуд ва ба шахсе, ки аз бобояш калонтар аст, ба шавҳар баромад. Канӣ мантиқ?
– Модоме аз шавҳараш ҷудо шудааст, пас ягон норасие дар зиндагӣ доштаанд. Исто, исто, ту аз куҷо медонӣ ў аз шавҳараш ҷудо шудааст? Ҳа?
– Медонам.
Гуфтам - ку, аз Шабнам ягон чизро пинҳон карда намешавад. Барои ў шарт нест, ки аз хона баромада хабар гирд, оварад. Хабар худаш Шабнамро кофта меёбад. Аҷаб нест, ки ў дар бораи заваҷаи меҳрубони амаки Ёқуб маълумоти аз ин бештаре ҳам дошта бошад.
-Ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро Раъно ба худат маъқул нашуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор