Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бештар аз ду соат суҳбат намудем ва амаки Ёқубу ҳамсараш, ки ҳангоми меҳмондорӣ чун парвона дар гирдамон давр мезад, моро то истгоҳ гусел намуданд.
Баробари ба хона омадан Шабнам хулосаи шабнишиниро чунин баён кард:
– Дадои Парвиз, мўйсафед ақлашро хўрдааст. Ҳа, ҳа, мўйсафед ақлашро хўрдааст. Рост гуфтанд, ки одамизод ҳар қадар синну солаш равад, мисли кўдак беақл мешудааст.
– Баръакс, мўйсафед дуруст рафтор кардааст, ки зан гирифтааст, - ба суханони ҳамсарам эътироз намудам ман.
– Зан не, барои худ аҷал гирифт. Гумон дорӣ, ки Раъно аз рўйи муҳаббат ба ў дил додааст?
– Чӣ фарқ дорад?
– Фарқаш аз замин то осмон. Ў ба бойгарии мўйсафед дил бастааст ва аҷаб нест, ки Ёқуб амакро заҳр дода накушад.
– Биё мон ин гапҳоро. Аз зери нохун чирк кофтан хуб нест. Бубин Раъно чун парвона дар гирди мўйсафед давр мезад. Барои ў ҳаминаш басанда аст. Мўйсафед пойи бар лаби гўр мондааст ва Раъно ҳамчун мусулмонзода то дами марг ба ў хизмат мекунад. Хизмати мўйсафедро ба ҷо орад шуд, боигарӣ ошаш шавад.
– Аз чашми Раъно тарсидан лозим. Зинда монем, мебинем, ки чӣ тавр ў ба мақсади нопоки хеш ноил мешавад.
– Агар дар ҳақиқат Раъно ба боигарии мўйсафед ҳам дил баста бошад, ба гумон аст, ки ў ба кори нолоиқе даст занад.
– Мезанад ва боз чӣ хел?
– Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест. Куштани одам ин кори ҳазл не, мефаҳмӣ?
– Чияш нофаҳмо. Ман - ку фаҳмидам, вале мебинам, ки худат фаҳмидан намехоҳӣ. Намедонам, бисту панҷ соли кор дар милиса чаро туро ба як хулосае наовард? Чӣ тавр бо ҷинояткорон сару кор намудӣ? Э, мардаке…
– Чӣ хеле ки дидӣ, кор кардем, ба нафақа ҳам баромадем.
Росташро гўям, ман муддати солҳои кор дар милиса, мисли худат андешаронӣ мекардам, агар ҷинояте сар мезад, қариб ки аз даҳҳо нафар гумонбар мешудам, чунки кор ҳамин хел буд, вазифа ҳамин чизро тақозо мекард.
– Ҳоло чӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ