Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин бора бо ў баҳс кардан ҳам душвор. Сарчашмаи ахбори гирифтаашро ҳаргиз ошкор намекунад. Гумон мекунам, ки парвандаи хабаркашҳои ў дар зери грифи “махсусан махфӣ” нигоҳ дошта мешаванд.
– Фардо аз кор барвақтар биё, ба аёдати мўйсафед меравем, - гуфт ҳамсарам ва ба тарафи ошхона рафт.
Рўзи дигар мо роҳи хонаи амаки Ёқубро пеш гирифтем.
Дарро ба рўямон ҷавонзани дар намуд биступанҷбистушашсолае, ки аз болои куртааш хилъати тунук ва пешбанди гулдоре ба бар карда буд, кушод ва аз рўйи расму русум моро ба хона таклиф намуд.
– Амаки Ёқуб ҳастанд?
– Ҳа, ҳамин ҷоянд, марҳамат гузаред, - гўён ҷавонзан моро ба меҳмонхона бурд ва чун соҳибхона хайрамақдам гуфта, узр пурсиду ба тарафи дар ҳаракат кард.
Лаҳзае пас аз хонаи шафат «домоди» муҳтарам омад ва бо мо гарм вохўрӣ намуда, ҳатто шиква кард, ки ўро дер хабар гирифтем.
– Амак, ин духтарак кӣ?-худро ба нодонӣ зада пурсидам ман.
Дар ҳамин вақт ҷавонзан дастурхон дар даст вориди меҳмонхона шуд. Чун вай дастурхон густурд ва нияти аз хона баромадан кард, мўйсафед пурсид:
– Раъно, меҳмонҳоро шинохтӣ?
– Ҳа, ин кас Собирҷон - ако ва ҳамсарашон Шабнам - апа, -гуфт ҷавонзан табассум намуда.
– Вале инҳо худатро нашинохтанд, – хандида гуфт мўйсафед ва ҷавонзан бо чеҳраи лолагун аз хона баромад.
– Ана, ҳамин хел, Собирҷон, туву келин маро ба гўшаи фаромўшӣ додед ва байни ин чор девор қариб мурда будам.
Хайрият, ҳамин Раънохонро вохўрдаму…
Мўйсафед боз чизе гуфтан мехост, вале баробари вориди меҳмонхона гаштани ҳамсараш, ки чой овард, муҳри хомўшӣ ба лаб зад.

пешина
аз 513
навбатӣ