Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Туҳмати ногаҳонаш ҳамин. Ман борҳо ба Шабнам гуфтам, ки бо ҳамсари амаки Ёқуб нарас, вале ў ҳеҷ не, ки қадри сухани гуфтааш дар замин монад. Ана, акнун ёбу гир.
Сад фоиз ҳам набошад, вале ҳаштод фоиз ман боварӣ дорам, ки шахси зангзананда моро шантаж намудан мехоҳад.
Аз рўйи кӣ? Аз рўйи суханони сермурчу қаламфури Шабнам, чунки ӯ мақоли халқӣ «даҳони пӯшида сад тилло»-ро нафаҳмид, ки нафаҳмид.
Се рўз пеш, вақте ки ман ба назди муфаттиши прокуратура Бобо Самад рафтам, фаҳмидам, ки назарияи асосии тафтишот ин ба худкушӣ даст задани Раънои Носир аст. Бобо Самад гуфт, ки баробари гирифтани хулосаи тиббӣ парвандаи ҷиноиро дар истеҳсолот қатъ хоҳад кард. Имрўз бошад…
Муддати се соли охир Раънои Носир сардафтари ҳама гуна ғайбату овозаҳои аҳли нишаст буд. Чӣ гапу овозаҳоеро мардум дар пойи ў намебастанд. Маҳз ҳамин гапу калочаи мардум қалби нозуки ҷавонзан бишикофт ва ў қасд ба ҷони хеш намуд. Қасд ба ҷони хеш ҳам намуда бошад, майлаш, вале чаро ў почаки моро доштан мехоҳад.
Шояд амаки Ёқуб аз муҳаббат ҳам ҷазо ва ҳам сазои хешро дархоста буд ва аҳли малакут назди Худои азза ва ҷал даст ба дуо бардошта ва Офаридгор он дуоро пазируфта, аммо ману Шабнам чӣ гуноҳе доштем…
Се сол пеш дар мавсими хазонрез, як бегоҳ аз кор баргаштаму аз забони Шабнам шунидам, ки дўсти худораҳматии қиблагоҳам Ёқуби Соиб, ки ба синни мубораки ҳафтоду шаш қадам ниҳодааст, бо ҷавонзани биступанҷсолае издивоҷ намудааст. Ба ростӣ, аз ин хабар ҳатто хурсанд шудам, чунки мўйсафедро дар зиндагӣ дастёре набуд.
Ҳамсараш Райҳон - хола беаҳдӣ карда, ду сол пеш ба манзили хомўшон рафт. Ёқуб Соиб марди пасту баландиҳои рўзгорро дидагӣ буд. То вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия расида, соле пештар ҷашни ҳафтоду панҷсолагии хешро таҷлил намуд ва ману Шабнам ҳам дар он ҷашнвора ширкат намудем. Баъди ин банда боз чанд маротиба ба аёдати мўйсафед рафтам, вале боре ҳам ў нагуфт, ки нияти издивоҷ дорад. Ман, ки дар идора будам, аз зан гирифтани мўйсафед хабардор нашудам, вале Шабнам… Рост гуфтаанд, ки нарху навои бозорро аз духтари хона пурс ва Шабнам, ҳарчанд хонашин ҳам бошад, аз тамоми рўйдодҳои оламу кишвар ва ҳатто маҳалла пурра ва сари вақт хабардор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор