Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хайр шуд, ман бояд равам.
– Ба фикрам, руҳи он каждуми таги бурё то қиёмат почаки туро сар нахоҳад дод.
– Ин гапҳоро мон. Фаромўш накун, ки аз қафои шахси фавтида сухани беҷо гуфтан гуноҳ аст. Мефаҳмӣ, гуноҳ!
– Чияш нофаҳмо?
– Бисёр хуб, акнун ман рафтам, - гуфта ба ҳаммом даромада, дасту рўй шустам ва либосҳои кориамро пўшида аз хона баромадам. Чун аз хона баромадам, яку якбора чароғҳои кўча хомўш шуданд.
Сари роҳ таксиеро боздоштам ва суроғаеро, ки бояд ба он ҷо мерафтам, баён намудам.
Бо каме дермонӣ баъди понздаҳ дақиқа таксӣ дар истгоҳи пеши бозори «Саховат» истод. Бо ронанда ҳисобӣ карда, паҳлуи чапи дарвозаи калон рост шудам. Ба барвақтии субҳ нигоҳ накарда, мардуми зиёдеро ташвиши рўзгор аллакай ба бозор оварда буд ва ман ба симои ҳар нафаре, ки аз пешам мегузашт, нигоҳ мекардам, то мусоҳиби ношиноси хешро бубинам, вале ин кор ба банда даст надод.
Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки «то омадани табар кунда меосояд» ва ман низ то омадани муштарии ношинос дафтари хотироти хеш варақгардон намудам…


“Ба фикрам, руҳи он каждуми таги бурё то қиёмат почаки туро сар нахоҳад дод,”- гуфтани Шабнам чун муқаддима дар саҳфаи аввали дафтари хотирот пеши назарам омад. То ҳадде ҳақ ба ҷониби Шабнам буд, вагарна ман дар ин субҳи солеҳон дар назди дарвозаи бозори “Саховат” чизе гум накарда будам. Боз мардон мегўянд, ки мўйдарозон ақлкӯтоҳанд. Рост гуфтаанд, ки шутур каҷии худашро намебинад.
Ҳамсари амаки Ёқуб як ҳафта боз дар қайди ҳаёт нест ва боз ин занги телефону ёдрас шудан аз кадом як номае. Худо медонад, дар он нома чӣ омадааст. Шояд Раъно дар лаҳзаи охир хунбаҳои хешро аз мо талаб намудааст. Худо накардаву ў навишта бошад, ки маро Собири Файз ва ҳамсараш Шабнам то ба худкушӣ тела додаанд. Дигар дар ду дунё мо худро ҳимоя карда наметавонем.

пешина
аз 513
навбатӣ