Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Модоме ки чунин аст, пас ампулаи холӣ то кунун аз хона берун набаромадааст. Пас он ампула дар куҷост?
Бо ҳамин фикр, ки дар майнаам давр мезад, банда ба тарафи хона ҳаракат намудам. Чанд тан аз мўйсафедон баҳри марҳум аз суфи сафед кафан медўхтанд. Ду нафари дигар дар косаи калони чӯбине гандум гирифта, мувофиқи ҳисобу китоби абҷад синну соли маҳрумро муайян карданӣ мешуданд. Аз суҳбати он ду нафар ҳамин қадар фаҳмидам, ки мўйсафед шасту шаш сол бо гуноҳ дар байни одамон гаштугузор намудааст. Дувоздаҳсоли аввали ҳаёташ чун давраи бегуноҳии ў дониста шуд.
Дар меҳмонхона ягон нишоне аз он ампулае, ки банда мавриди ҷустуҷўяш қарор дода будам, надидам. Сипас, ба хонаи шафат гузашта, дар гирди марҳум занҳои бисёреро дидам, ки қисме аз онҳо бо баҳонаи мўйсафед дарду алами хешро бо гиря чун ғуборе аз дил нияти баровардан доштанд.
Ман низ лаҳзае сари по паси дар амонат нишаста, ба оҳу нолаи занҳо гўш додам. Раънохон дар ҳамон ҷо низ садри маърака буд ва ҳар замон «сутуни дилам, як гап бизан, ки дилакам сард шавад», гуфта нола мекард. Ҷустани нишонае дар он ҷо низ баъди пой ниҳодани ин қадар намояндагонӣ ҷинси латиф, ки ҳама баҳри тасаллои дили Раънохон омада буданду ҳар кадоме рози ниҳони дили хеш ифшо кардан мехост, маъние надошт.
Аз он ҷо рост ба ошхона гузаштам. Чун касе дар он ҷо набуд, банда имконият пайдо намудам, ки дурустакак ба асбобу ашёи дохили он назора намоям. Дар зери яке аз мизҳо қуттии ахлотпарторо дарёфтам, ки болояш аз коғазпораҳо пур буд. Банда бори дигар гирду атрофро аз назар гузаронида, чун боварӣ ҳосил намудам, ки касе майли ба ошхона ворид шудан надорад, он қуттиро аз зери миз берун оварда, коғазҳои болояшро як - як чаппа намудам. Аввалин чизе, ки ба дастам омад, ин сӯзандоруи 0,5 мг буд, ки ҳатто сўзанаш ҳамроҳаш буд. Ман онро гирифта, болои миз гузоштам ва боз ҷустуҷўямро давом додам. Ниҳоят он ампулаи холиро ёфта, бо эҳтиёт баҳри нагузоштани изи дастони хеш ва аз байн набурдани изи дастони дар он буда, аз ду нўги он бардошта, ба навиштаҷоти болояш чашм духтам:
«Адреналин».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор