Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Бензин тамом шуд, - гуфт ронанда ва аз кабина фаромад…
Сорбони Ҳомид ин дафъа вохўрии Ятими Тошро бо Раҳимов Самандар пеши назар овард. Онҳо мақоми хеш иваз намуда буданд. Самандари Раҳим ончунон ба чашмони мусоҳибаш, ки замоне командираш будааст, нигарист, ки нигоҳаш аз мағзу устухони собиқ прапор гузашт. Ў автомати хешро, ки аз хонаи командираш ёфта буданд, шинохт: АКСУ Р 1313.
Чун кормандони милиса Ятими Тошро пешандоз карда бурданд, Раҳимов хеле хомўш нишаста, ниҳоят гуфт:
– Ўро Худо зад…
– Доимо яксон намонад, чархи гардун ғам махӯр, – ором карданӣ шуд Самандари Раҳимро муфаттиш ва Сорбони Ҳомид акнун ба ёд овард, ки ҳар кӣ бад кард, ба бад гирифтор шуд. Агар чунин намешуд, магар дилдодаи Солеҳ Ҷалил, ки ба қавли худаш оҳи дилаш алову дуд доштааст, марде кӣ баҳраш чӣ қадар лаҳзаҳои хуши зиндагиро фароҳам оварда буд, бо теғи суханаш аз дорулбақо ба дорулфано мефиристод?
Муддати ду рўзи охир, ки Сорбони Ҳомид бо Хоҷаева ва Холиқов суҳбат намуд, аз макру ҳиллаи онҳо ангушти ҳайрат газид. Кирдорҳои Солеҳ Ҷалилу ҳамроҳонаш боиси тавба буд. Командир низ барои нафси бади хеш чӣ тавр аскари бечораро ба дом афкандааст. Ў бад кард ва ба ғазаби Худо гирифтор шуд. Шояд оҳи дили онҳое, ки аз интиқоли маводи мухаддир ба дод омада буданд, ба даргоҳи яздони пок мустаҷоб гашт ва ў ҳама он худоношиносонро имрўз сари курсии ҷиноӣ овард.
Лаҳзае пас ронанда боз сари чанбарак нишаст ва муҳаррикро ба кор андохт. «Волга» Сорбони Ҳомиду ҳамроҳонашро, ки онҳо низ муқими шаҳр будаанд, бо суръат ба сўйи манзили зисташон мебурд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор