Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳа, ман ўро аз рашк куштам.
– Ҳоло гуфтед, ки ў нияти ба милиса рафтан дошт, барои ҳамин қасди ҷонаш намудед?
– Инашро ҳам инкор намекунам, чунки ў ҳаёти маро сўхт ва банда ҳам ҳисоби хеш бо ў баробар кардам, тамом ва салом.
– Соҳиби яроқ аз куҷост ва ўро чӣ ному насабест?
– Ятими Тош, аз ноҳияи Бўстон.
– Рақами яроқро намедонед?
– Калашников, хурди қатъшаванда, рақамаш Р 1313.
– Чӣ хел ин рақам дар ёдатон монд?
– Худораҳмати Солеҳ Ҷалил рақами 13 - ро рақами наҳс меномид, шояд аз ҳамин сабаб бошад.
– Соҳиби яроқро бинед, мешиносед?
– Албатта. Ман ҳатто барои даҳони ўро бастан ба ҷуз нархи шартномавӣ боз ҳамон хел коғази сабзро ба дасташ додам.
– Нархи яроқ чанд пул?
– Сад доллар.
– Пас шумо ба ў дусад доллар додед.
– Ҳа.
– Чаро?
– Зеро ў гуфт, ки наход ба шикор бароиву ҳамагӣ як тир сарф намоӣ.
– Оё ў медонист, ки шумо яроқро ба кадом мақсад гирифтед?
– Сараввал не, вале чун онро баргардонидам, ў пайхас кард, ки тирро ба кадом мақсад сарф намудаам. Чун ширинкомаи хеш гирифт, муҳри хомўшӣ ба лаб зад. Беҳуда нагуфтаанд, ки пора санги хораеро об кардааст.
– Бубинед, шумо бо худ чӣ кардед?
– Оҳи дили ман алову дуде дорад…
Мошин яку якбора хомўш шуд ва бе садо боз каме роҳ паймуда бозистод.
–Чӣ гап шуд?, – аз байни андешаҳои хеш берун омада пурсид Сорбони Ҳомид.

пешина
аз 513
навбатӣ