Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ин кас ҳатто заррае эътироз ҳам накард, наандешид, ки Солеҳ Ҷалил дар кадом ҳолат дасташ гирифтааст.
– Чӣ хел дасташ гирифтааст, дар куҷо?– пурсид Сорбони Ҳомид, ки ҳангоми рўбарўкунӣ дар утоқи кории муфаттиши прокуратура менишаст.
– Он чӣ ки боздоштшуда Лайлӣ Анваровна гуфт, мўйи бадани ў сих шуд. Капитани милиса фаҳмид, ки Лайлӣ ягона нафаре будааст, ки Солеҳ Ҷалил рози дили хеш аз ў пинҳон намекардааст.
«ГАЗ-2410» роҳҳои каҷу килеби кўҳиро паси сар карда, рў ба водӣ овард. Лайлӣ Анваровна баҳри дифои хеш шарму ҳаёро низ пеши по зада, Солеҳ Ҷалилро бар он айбдор карданӣ мешуд, ки бо роҳи фиреб чӣ тавр ўро ба меҳмонхонаи «Авесто» бурда, даст ба номусаш зад.
– Чаро ҳамон вақт дар ин бора ба милиса муроҷиат накардед? - пурсид муфаттиш.
– Ў ваъда дод, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда, маро ба никоҳи хеш медарорад.
– Пас чӣ ҷойи гила? - паст наомада гуфт муфаттиш.
Сипас, Хоҷаева аз куҷо дастрас кардани яроқро гуфта дод. Маълум шуд, ки хабари яроқро низ ў аз Солеҳ Ҷалил гирифта будааст.
– Солеҳ Ҷалил як сол пеш аз соҳили Ому баргашта, ба ҷуз маводи мухаддир боз порае тахминан се - чор килограмм гўшти сайд оварда гуфт, ки ҳангоми бозгашт аз марз ногаҳон дар пайроҳаи кӯҳие бо шикорчие рӯ ба рӯ омадааст, ки бузи калонеро ҳадафи тир қарор дода, саргарми пўст канданаш будааст.
Аз рўйи қоидаи маъмули шикорчиён шикорчӣ ўро ба ҷону ҳолаш намонда, пешниҳод кардааст, ки мусофир ризқи хеш пеши по назанад. Солеҳ Ҷалил низ худро шикорчӣ тарошидааст афсўс бар он хўрдааст, ки ҳангоми ҷангҳои шаҳрвандӣ милисаҳо яроқи ўро гирифтанду дигар барнагардониданд. Шикорчӣ гуфтааст, ки бародар агар пул бошад, дар ҷангал шўрбо ва ному суроғаи соҳиби яроқро ба ў додааст… Чун ман ўро бо духтари шонздаҳ - ҳабдаҳсолае назди меҳмонхонаи «Душанбе» дидам ва боз шабҳо дар хобаш номи он духтарро шунидам, рашкам афзун гашт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор