Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Саҳми ў дар содир кардани куштор нисбат ба шумо зиёдтар аст. Акнун саволи охирин. Оё бори мусодирашуда аз они Солеҳ Ҷалил буд?
– Ҳа.
– Марҳамат, нишондодатонро хонда, имзо гузоред.
Холиқов ба нишондод ҳатто нимнигоҳе накарда, ба чанд ҷо имзо гузошт.
Сорбони Ҳомид аз он хурсанд буд, ки сояро аз болои Самандари Раҳим дур афканд. Дар майдони набард бо ҳаракатҳои ҷинояткорона Ятими Тош рўйи саҳна омад…
Танҳо баъди ду рўзи боздоштшавии Хоҷаева ва Холиқов гулободиҳо ба бозгашти сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Саричашма капитани милиса Сорбони Ҳомид рухсат доданд. Ба гусели ў на танҳо Гурезову Ҳамид Ҷовид, балки худи Нўшервони Ҳалим ва Самадов низ баромада буданд…
Мошини тамғаи «ГАЗ-2410», ки ронандааш ҷавони навхате буд, омада ўро аз пеши бинои милиса гирифт. Дар курсии қафо аллакай ду нафари дигар, ки шояд майли ба шаҳр рафтан доштанд, менишастанд.
– Курсии пеш насиби шумо будааст, - гуфт Ҳамид Ҷовид ва баҳрашон роҳи сафеду бехатар орзу намуд.
Соате пас онҳо фарсахҳо аз Гулобод дур шуданд ва чун ҳама саргарми андешаҳои хеш буданд, мавҷи хаёлоти Сорбони Ҳомид боз ба қафо бу Гулобод парвоз кард.
Ҳодисаҳои ду рўзи охир чун лентаи кино аз пеши назараш мегузашт. Баъди пурсиши расмии Хоҷаева ва Холиқов дар утоқи кории муфаттиш Самадов ҳардуро рў ба рў намуданд. Ҳангоми ғарқшавӣ ҳар кас дар талоши ҷони хеш будааст. Ба ҳар ҳол тафтишот мўйро аз хамир ҷудо кард.
Лайлӣ Анваровна иқрор шуд, ки «Ҳамдилон» маҳсули тахаюли ў ва Солеҳ Ҷалил буда, аъзои ягонааш манқурти дар рў ба рўяш нишаста аст. Чун Солеҳ Ҷалил майли ба милиса рафтан дошт, банда суханони ўро дар ҳузури ҳамин шахсии дар рў ба рўям нишаста: «Даврон фаромўш накун, ки Лайлӣ ба шеф наздиктар аст ва дар ҳама ҳолат суханаш қувваи ҳалкунанда дорад»–ро ба ёд оварда, аз номи хеш амри «боло» - ро расонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор