Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ба қавли Солеҳ Ҷалил, Лайлӣ Анваровна маъшуқаи сарвари маҳфили “Ҳамдилон” аст.
– Ҳаст не, буд.
– Бигузор гуфти шумо шавад.
– Яроқро аз куҷо гирифтед?
– Яроқро ёвари шеф овард.
– Аз куҷо?
– Намедонам. Беҳтар мешуд, ки аз худаш мепурсидед.
– Мо аллакай ўро пурсидем ва фаҳмиданием, ки то кадом андоза шумо бо тафтишот ҳамкори
– Автомати Калашников қатъшаванда буд. Гумон мекунам, ки онро аз ягон қисми ҳарбӣ оварда буд ва пас аз иҷрои амалиёт онро баргардонд.
– Гумон мекунед ё аниқ ҳамин хел буд?
– Ба фикрам, ҳамин хел буд. Ба ҳар ҳол, ман рақами онро дар ёд гирифтам.
– Хуш, рақамаш чанд буд?
– Р 1313.
– Чанд гуфтед?
– Р 1313.
Сорбони Ҳомидро мисли оне, ки ҷараёни барқ ларзонда бошад, яку якбора ҳушёр шуд. Умуман, ў дигар ба дурустии суханони мусоҳибаш шубҳа надошт. Он чӣ ки Даврон Холиқов гуфт, норасоии ҳалқаро пурра мекард.
Дар асл дар содир кардани ҷиноят яроқе истифода бурда шуда буд, ки се сол соҳибаш дар маҳкама нишастааст. Ў боз он шаби тору соҳили марз, фиғони Хуршед Мирову бонги хатар задани Самандари Раҳим ва ба ёрӣ омадани аскарону командирашон прапоршик Ятими Тошро пеши назар овард.
– Чӣ ба суханони ман шубҳа доред?
– Не, ҳамааш дуруст.
– Хатое нест?
– Нест.
– Лайлӣ Анваровна ҳоло дар куҷост?
– Дар ИВС.
– Ӯро низ боздошт кардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор