Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ хел дар дигар ақида?
– Ӯ шиносоии хешро бо шумо ва бо Солеҳ Ҷалил инкор накард.
– Дурўғ, ҳамааш дурўғ.
– Ў ҳатто ба ман гуфт, ки ҳангоми аз шаҳр баромадан мошини «ВАЗ-2109» шуморо дунболагир будааст.
«Ой, падарлаънат! Чӣ тавр сирри дили хеш ифшо намудааст. Модоме ки ҳамаашро гуфтааст, пас дигар чӣ ҷойи пинҳон кардан? Чаро ў маро гунаҳкор мекардаасту банда хомўш менишастам? Дигар маро аз «Ҳамдилон» ҳам биме нест. Хайр, гуноҳи хеш аз инҳо пинҳон кардам, вале назди Худованд ҳамааш аён аст. Ҳоло, ки бандаро ташкилотчӣ дар куштор арзёбӣ накардаанд, месазад, ки нақши пешниҳодкардаи инҳоро бипазирам. Дигар дар танҳоӣ гуноҳро ба зимм Марг дар танҳоӣ даҳшатноктар аст, нисбат ба марги кулл», - аз дил гузаронд Даврон ва гуфт:
– Ҳар он чӣ ки Лайлӣ Анваровна гуфтааст, қобили қабул аст.
– Яъне, шумо худро дар марги Солеҳ Ҷалил ҳам гунҳкор меҳисобед?
– Ҳа.
– Хуш гап занед, ки ўро чӣ хел парронидед?
– Рўзи 21 август Лайлӣ амри болоро ба ман гӯшрас кард.
– Чӣ хел амр?
– Амри боло, амри маҳфили «Ҳамдилон» – ро дар бораи аз байн бардоштани Солеҳ Ҷалил.
– Он чӣ гуна маҳфил аст ва чаро амрро ба воситаи Хоҷаева гирифтед?
– Шояд ин як пирамидае бошад, ки бо тамоми механизми олами ҷиноӣ пайваст аст.
– Лайлӣ Анваровна дар маҳфили гуфтагиатон чӣ нақше дорад?
– Ў ёвари шеф буд ва ба қавли Солеҳ Ҷалил дар ҳама ҳолат суханаш қувваи ҳалкунанда дошт.
– Аз кадом лиҳоз?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор