Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Нияти инҳо моро ба гирдоби бало патофтан аст»,
- аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Фидоиёни роҳи ислом дар дигар ақидаанд.
– Оё нашунидед, ки гуфтаанд: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост».
– Шояд ҷиҳодро ҳам инкор карданиед?
– Интиқоли маводи мухаддир ба ҷиҳод чӣ дахл дорад?
– Хато мекунед, душманро бо ҳар роҳ саркӯб кардан хуб аст.
– Душман гуфта, киҳоро дар назар доред?
– Онҳоеро, ки ғайри динанд.
– Аз худ фаришта натарошед. Фаромўш накунед, ки давлат ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти экстремистӣ мубориза мебарад. Магар ҳамин аст тавбаи шумо назди Офаридгор?
– Маро ба гуфтугўи ошкоро даъват намудед ва банда нуқтаи назари хешро баён доштам.
– Хуб мешуд, ки аз чунин нуқтаи назар даст мекашидед.
– Ба фоидаи кӣ?
– Зарари ҳама гуна зуҳуроти экстремистӣ ба худи миллат мерасад.
– Нафаҳмидам, ки кас ба ҳимояи динаш бархезаду ўро экстремист эълон намоянд.
-Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт.
Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.
– Акнун фаҳмидам.
– Ба ақидаи мо шумо дар куштори Солеҳ Ҷалил вазифаи иҷрочиро ба душ доштед?
– Гуфтаниед, ки ўро ман парондам?
– Мо чунин мепиндорем.
– Масъулияти зиёдеро ба души хеш нагиред. Ман то кунун қасди ҷони мурғ накардаам, пас чӣ тавр метавонам қасди ҷони одам намоям.
– Шояд бо Солеҳ Ҷалил ҳам шинос набудед?
– Худаш ҳам ҳамин хел аст.
–Лайлӣ Анваровна бошад, дар дигар ақида аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор