Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, шумо маро дар одамкушӣ муттаҳам карда наметавонед.
– Гумон доред, ки интиқоли маводи мухаддир назди Худованд писанд аст?
– Мо ҳаргиз онро ба мардуми мусулмон намедиҳем.
– Фарқаш чист, ки онро кӣ истеъмол мекунад.
– Алифбои ниёгонро медонед?
– Афсўс ки не?
– Агар медонистед, ҳаргиз чунин савол намедодед.
– Чиро бояд медонистам?
– Дар рўйи халтачаҳои мавод суханони огоҳкунандае ҳаст, ки матлабаш чунин аст: «Худ макаш, ба фарзандон мадеҳ, ба кофар деҳ»…
– Муъмину кофар ҳама халқи Худост, пас чаро мо нисбат ба халқҳои Худо чунин амалро раво бинем? Охир ислом ва китоби муқаддаси он - Қуръони Маҷид мефармоянд, ки бандагони Худо умматони Муҳаммади Мустафо (салалоҳу аллайҳи олиҳи ва салам) тамоми пайғамбарони олам ва китобҳои муқаддаси онро парастиш намоед. Модоме ки мо «Забур» - и Довуд, «Таврод» - и Мўсо, «Инҷил» - и Исоро низ чун «Фурқон» - и Муҳаммади Мустафо парастиш мекунем, пас чаро нисбат ба пайравони онҳо хусумат дошта бошем?
«Милиса нею бало, гумон месозӣ ки мактаби исломиро хатм кардааст, бо чунинҳош баҳс кардан суде надорад.
Ҳатто кофаронро ҳам ҳимоят мекунад. Аҷиб, ки далелҳои шайъии гуфтагиаш дар куҷоянд? Ба гумон аст, ки автоматро ёфта бошанд. Лайлӣ гуфта буд, ки онро ба соҳибаш баргардонд. Рафту ў соҳиби яроқро ҳам фўрухта бошад - чӣ? Бубин дар байни ду - се соат ба инҳо чӣ қадар маълумот пешкаш намудааст. Ба ҳар ҳол, ў аз қафои ман нарафт, пас маълум, ки инҳо аз қафоям буданд, вале дар чунин торикӣ, ки ду қадам пешро дида намешуд, чӣ тавр маро диданд? Охир ман бо худ чароғаки дастӣ доштам - ку, беақлӣ аз ин зиёд намешавад. Дуздӣ равию бо худ шамъ гирӣ. Ана, аз куҷо онҳо самти ҳаракати бандаро муайян сохтанд.

пешина
аз 513
навбатӣ