Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ному насабашро лаҳзае пеш, бори аввал аз забони шумо шунидам.
– Шояд ҳарду ҷиноятро ба гардани худ мегиред?
– Ман аллакай борро ба зимма гирифтам.
– Гуфтед, ки бор аз дигар кас аст, чӣ хел шуморо фаҳмем?
– Шумо худатон нағз медонед, ки ман борро аз куҷо гирифтам.
– Баҳс намекунам, чунки худи мо шоҳиди ҳол будем.
– Ана, барои ҳамин борро пурра ба души худ мегирам.
– Ин кам аст. Агар хоҳед, ки ронандаро аз бозӣ берун намоем, кушторро ҳам ба гардан гирифтан лозим.
– Ин амр аст?
– Не, насиҳат.
– Аҷиб, бори аввал чунин насиҳатро мешунавам.
– Зиндагӣ пасту баландиҳои зиёде дорад ва на ҳамаи онро мардум дарк мекунанд.
– Гуфтед, ки Солеҳ Ҷалил тавассути автомати Калашников ба қатл расонида шудаст.
– Дар ҳақиқат ҳодиса ҳамин хел рух додааст.
– Фарз намудем, ки ба хотири шумо ман кушторро ҳам ба души хеш гирам, оё намепурсед, ки автомат дар куҷост?
– Мепурсем.
– Автомат надорам, пас бе яроқи ҷиноят содиршуда чӣ тавр гуноҳро ба гардани ман бор мекунед?
– Мо чизеро ба гардани шумо бор карданӣ нестем, вале бо далелҳои шайъӣ гуноҳатонро собит хоҳем кард.
– Канӣ он далелҳо?
– Далелҳо ҳамин ҷо, вале ман ба шумо бори дигар мегўям, ки дар вазъе шумо қарор доред, беҳтар мешуд, ки баҳри андаке ҳам бошад, сабук шудани гуноҳатон тавба мекардед.
– Ман тавба танҳо назди Худованд мекунам, чунки мо ҳама назди ў бечораем ва ба омўрзишаш ниёз дорем.
– Вақте ки қасди ҷони Солеҳ Ҷалил намудед, чаро Худовандро пеши назар наовардед?

пешина
аз 513
навбатӣ