Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳамоне ки худат дар хонааш иҷоранишин будӣ.
– Шумо гумон мекунед, ки ман қасди ҷони ў намудаам?
– Мо не, балки худи далелҳо гувоҳи онанд, ки касе ба ҷуз худи шумо ба марги Солеҳ Ҷалил манфиатдор нест.
– Мо чӣ манфиате доштем?
– Пеш аз ҳама бори овардаи ўро аз худ намудед.
– Аз куҷо гирифтед, ки ин бори овардаи ўст?
– Солеҳ Ҷалил дар интиқоли маводи мухаддир даст дошт ва се соли охир мавриди ҷустўҷўи милиса қарор гирифта буд.
– Пас чаро милиса ўро дастгир накард?
– Мо дар он ақидаем, ки ў худ нияти ба милиса омадану ба гуноҳи хеш иқрор шудан дошт, вале шумо пешдастӣ кардед.
–Чӣ хел мо? Шояд маро дар назар доред?
– Не, шумо, яъне худат ва Лайлӣ Анваровна.
“Бубин, лаънатиро аллакай ҳамаашро қоил шудааст.
Оё шеф мефаҳмида бошад, ки ҳамаро ҳамин ёвараш фўрухт. Ин занҳо ҳамин хел, чун сардиеро дар муносибат ҳис карданд, дигар шебу фарози пеши даҳонашонро фаромўш мекунанд. Оё ў мефаҳмида бошад, ки дасти маҳфили «Ҳамдилон» то ба ин ҷо ҳам мерасад. Аҷиб, ки чаро Солеҳ Ҷалил боре ҳам ўро насиҳат накардааст.
Бечора Солеҳ Ҷалил, худаш ҳам аз ў метарсид. Ў рост гуфт, ки эшони домулло аз ҳамин духтари шайтон эҳтиёт шав.
Шояд ўро ҳам насиҳат карду ба бало монд. Лаънатӣ ҳама гапро начакондаю нарезонда, ба гўши шеф расонд ва сабабгори марги чунин як инсони бузург гашт. Сад ҳайф, ки ман ҳамаашро дер фаҳмидам,” - аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Модоме, ки шумо ҳамаашро медонед, пас пурсидани мо шарт аст?
– Албатта. Қонун ҳаминро талаб мекунад.
– Ман аллакай гуфтам, ки Лайлӣ Анваровнаро намешиносам.
–Чӣ хел намешиносед? О, номашро медонед - ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор