Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамоне ки шумо баъди гузоштани мўйлаби сунъӣ бори аввал вохўрдед.
– Ҳа, акнун ба ёдам омад. Як нафар омада худро корманди идораи газ муаррифӣ намуда буд.
– Ба фикрам, он хонаи худатон нест?
Даврон Холиқов дар як мижа задан суханони Лайлро, ки хона аз як рафиқи дар хориҷи кишвар будаи Солеҳ Ҷалил аст, ба ёд оварда гуфт:
– Хона аз як рафиқам ҳаст, ки айни замон дар хориҷи кишвар кору фаъолият дорад.
– Ному насабаш?
– Магар инаш ҳам шарт аст?
– Саволро ман медиҳам, қоида ҳамин хел.
– Ба ростӣ, ман хонаро ба воситаи дигар кас гирифтам.
– Чӣ онро харидед?
– Харидан - ку не, вале ҳамон хел иҷора менишинам.
– Иҷорапулиро ба кӣ медиҳед?
– Ба ҳамон рафиқам, он кас ба соҳиби хона.
– Аз рўи маълумоте, ки мо дар даст дорем, хонаи мазкур ба номи Ҷалилов Наврўз Солеҳович сабти ном шудааст. Шояд шумо он касро шиносед?
– Не, бори аввал мешунавам, - гуфт Холиқов ва ҳарчанд ў ҳиссиёти ногаҳони хешро пинҳон карданӣ шуд, вале аз чашми Сорбони Ҳомид, ин манзара пинҳон намонд.
– Гап дар сари он ки шаби 22 ба 23 август кадом нохалафе Солеҳ Ҷалилро дар ҳамон мавзее, ки имшаб шумо аз таги харсанг бори пинҳоннамударо берун овардед, тавассути автомати 5,45мм Калашников ба қатл расонидааст, - гуфт Сорбони Ҳомид ва рост ба чашмони мусоҳибаш нигарист.
Даврон Холиқов ба нигоҳи корманди милиса тоб наоварда, нигоҳашро аз нигоҳи ў гурезонд. Ў фаҳмид, ки милиса он қадар факту рақамҳо дорад, ки ба муқобили онҳо истодагарӣ кардан ғайриимкон аст. Ба ҳар ҳол, боз талоше баҳри аз варта берун омадани хеш карда гуфт:
– Кадом Солеҳ Ҷалил?

пешина
аз 513
навбатӣ