Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳоло ҳам инкор мекунед, ки бор аз худатон нест?
– Ҳа, ҳамин хел.
– Пас соҳиби борро чӣ ному насабест? Суроғааш дар куҷост?
– Ўро ҳамин хел мешиносам, вале ному насабашро намедонам.
Сорбони Ҳомид аз ғалладони мизи корӣ чанд расмеро берун оварда, яке аз онҳоро тасодуфан болои фарш афтонд. Расм тарзе афтид, ки бардоштанаш ба Холиқов қулайтар буд. Ў хам шуда расмро бардошт ва чун чашмаш ба он бархўрд, дилаш шувӣ кард. Ин ҳамон расме буд, ки корманди идораи газ ўро дар кўчаи Фирдавсӣ дида буд. Ӯ ҳатто гумон надошт, ки расми мўйлабдораш ба объектив меафтад. Ўро чӣ хел расм гирифтаанд, дар ёд надорад, як маротиба, дар умраш соҳиби мўйлаб шуду…
– Чӣ, соҳиби расмро мешиносед?
– Ҳа, ин расми ман.
– Таърихи расм гирифтанатонро медонед?
– Не, дар ёдам нест. Аҷиб, ки чӣ хел расми ман ба ин ҷо афтидааст?
– Шумо чӣ гумон мекунед?
– Ягон чиз гуфта наметавонам, шояд онро дар компютер дуруст карда бошед?
– Ба кадом мақсад?
– Ман аз куҷо донам, шумо худатон беҳтар медонед?
– Расм таърихи се - чоррўза дорад. Ба ёд биёред, ки кай шумо расм гирифтед?
– Ман се соли охир расм нагирифтаам.
– Шояд шуморо расм гирифта бошанд?
– Дар куҷо?
– Инро бояд шумо беҳтар донед.
– Не, ман ба ёд оварда наметавонам.
– Гуфтам - ку, расм таърихи се - чоррўза дорад.
Аниқтараш, онро дар кўчаи Фирдавсӣ, 83/2, ҳуҷраи 9 аксбардорӣ намудаанд.
– Кӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор