Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар ҳамин ҷо ў худро чун ёвари Даврон муаррифӣ намуд. Ҳарчанд ман кўшидам, ки қисми дуюми намоишро низ таҳрир созем, вале нашуд, ки нашуд…
– Акнун чӣ мақсад доред? Аллакай рўз шуд. Соате пас Нўшервони Ҳалим онҳоро ба ҳузури хеш мехонад.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки шогирди банда дар куҷост?
– Ман ўро бо коре ба хоҷагии «Ҳосилот» фиристодам.
– Оё Ношиносро пурсиданд?
– Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад.
– Ташаккур.
– Рафиқ капитан, худат оғози корро ба душ гирифтӣ, чораи анҷомашро низ бубин.
– Афсўс, ки шогирд нест.
– Соате пас ў ҳам расида меояд. Модоме ки худат Хоҷаеваро пурсидӣ, беҳтар мешуд, ки суҳбати Даврон Холиқовро низ ба душ мегирифтӣ.
– Ба сар печидан ҳуқуқ надорам.
– Хуш, давоми суҳбатро аз чӣ оғоз мекунӣ?
– Холиқовро меоварданд, беҳтар буд.
– Ман ҳозир баҳри овардани ў супориш медиҳам, - гўён Ҳамид Ҷовид аз утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бадар рафт…
Панҷ дақиқа пас шахсе, ки то кунун гирифтори бими бало буд, рў ба рўяш менишаст.
Баъди саволу посухҳои расмӣ, ки аслан ба муайян кардани шахсият вобаста аст, капитани милиса Сорбони Ҳомид ба суҳбати расмӣ гузашта пурсид:
– Оё ронандаи мошини «Мерседес-600» - ро, ки савори он будед, мешиносед?
– Не.
– Кай ва аз куҷо ба мошин нишастед?
– Соатҳои 21.30 дақиқа аз километри 227 - уми ҳамин шоҳроҳ.
– Километри мазкур дар кадом минтақаи маҳаллаҳои аҳолинишин аст?
– Ба ростӣ, то ба он ҷо ман дар дигар мошин омадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор