Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Хати амудӣ аз маркази лисон, ки доираи нисбатан калонтаре дошт, мегузашт. Ҳамид Ҷовид пайвастагии шимолро бо ҷануб ба таври ростхата ва шарқу ғарбро ки дар кунҷи 90 дараҷа ҳар кадоме бо ҷанубу шимол ба таври ғайримустақим пайваст мешуд, дарёфт.
Ҳамид Ҷовид, ки мўйи сари хеш дар корҳои ҷустуҷўӣ сафед карда буд, дар як нигоҳ фаҳмид, ки капитани милиса сари кадом андешаҳо шино дорад…
Сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД - и ноҳияи Саричашма Сорбони Ҳомид, ки соатҳои охири рухсатии хизматиашро дар Гулобод паси сар мекард, чунон саргарми андешаҳои хеш буд, ки ҳатто чӣ тавр вориди утоқи кориаш шудани Ҳамид Ҷовидро пайхас накард.
– Субҳ ба хайр! - ниҳоят гулў рўшан кард сарвари милиса.
Сорбони Ҳомид сар аз болои коғазҳо бардошта, ба истиқболи Ҳамид Ҷовид аз ҷой бархест ва баҳраш субҳи хушу бобарорро таманно намуд.
– Танҳоӣ?
– Бале.
– Аз суҳбати Хоҷаева қаноатмандед?
– Не.
– Чаро?
– Чунки ў қариб, ки бе ягон муқобилият таслим шуд.
– Магар ин бад аст?
– Шуморо - ку намедонам, вале ба ман ғалабаи осон маъқул нест.
– Сабаб?
– Ба андешаи ман Хоҷаева баҳри он гуноҳашро дар интиқоли маводи мухаддир ба душ гирифт, ки мо ўро ба ҳолаш гузорем.
– Дар бораи Солеҳ Ҷалил ўро пурсидед?
– Не.
– Чаро?
–Мо ҳарду саҳнаи умумии ҷиноятро тарҳрезӣ намудем.
Ба саҳнагузорандаи қисми аввал ман будам ва нақши асосиро дар ҳамин қисм ў ба души Даврон ё худ Ношинос гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор