Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– «Ҳамдилон» ин ташкилотест, ки дар ҳама ҷо одамони худро дорад, чунки аз интиқоли маводи мухаддир ҳамаи онҳо ҳиссаи хеш мегиранд ва имконияти аз амри «Ҳамдилон» сар печидан надоранд.
– Ин ҳама овоза ҳаст ё ҳақиқат?
– То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
– Пас чӣ бояд кард?
– Илоҳо моро аз чунин рўзҳо эмин дорад ва рафту агар ҳодисае рух диҳад, ихтиёр шуморост. Аминам, ки шумо некро аз бад фарқ мекунед…
Ў вазъи даҳ рўзи охирро дар кўчаи Фирдавсӣ пеши назар оварда, аз он чӣ ки ҳамон манзилро дар суҳбат бо “Гурдофарид” зиндон номид, шармаш омад. Ў зиндони хаёлиро бо зиндони аслӣ қиёс намуда, манзили даҳ рўз паноҳбурдаи хешро чун биҳишти рўи замин дид… Агар ситораи бахти ў ва Лайлӣ имшаб канда намешуд, фардо шаб онҳо ҳарду биҳишти хешро медиданд. Ў Лайлиро дар пероҳани ҳарири сабз, ки аз нуқтаи назари ислом либоси ҳурони биҳиштианд, тасаввур намуд, ки дар косаи заррине баҳраш об меовард…
Лайлӣ лаҳзае ўро ба ҳоли хеш гузошта, паси дарахте пероҳани ҳарири сабзи хеш бо қабои сиёҳ иваз карда пас гашт.
– О, ин чӣ кори кардагиат, пероҳани сабз ба ту зебанда буд, чаро онро аз тан бурун кардӣ?
– Ба ман пероҳани сиёҳ зебанда…
Вай дигар чизе нагуфт. Нурҳои хираи чароғи барқӣ аз паси панҷараи оҳанини сӯрохии пушти дар воридшаванда, ки рўшноии паси абрҳоро мемонд, дили ҳазини ўро хиратар мекард.
Ў дар бими бало буд…


Сардори ШКД - и ноҳияи Гулобод капитани милиса Сорбони Ҳомидро сари андешаҳои хеш болои коғази сафеде дарёфт, ки он ба қутбҳо ҷудо шуда, дар навбати хеш дар зер ва ё паҳлуи ҳар як қутб доирачае маскан гирифта, бо хати амудӣ қутби шимолро бо ҷануб ва дар радифи 90 дараҷа қутби ҷанубро бо шарқ ва шимолро бо ғарб пайваста буд.

пешина
аз 513
навбатӣ