Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Даврон ана сари ҳамин андеша кард. Солеҳ Ҷалил таъкид мекард, ки эшони домулло маҳфили «Ҳамдилон» моро ба коре ҷалб намудааст, ки хатараш баробари болои бочкаи борут қарор доштан аст.
– Мефаҳмам.
– Аслан ман худатро тарсонданӣ нестам, вале гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, то бад нагўӣ, нек пеш наояд, рафту…
Солеҳ Ҷалил дар ҳамин ҷойи нақлаш ҳамеша ист мекард, то саволи мусоҳибашро шунавад.
– Рафту чӣ?
– Рафту агар рўзе хуршеди ховар нурҳои хешро аз сари мо дур созад ва соя бар рўямон афтад, аз милиса дида маҳфиле, ки мо дар хизматаш камар бастаем, баҳрамон хатари бештаре дорад.
– Фаҳмо.
– Телба нашав, ин ҷо боз агаре ҳаст?
–Чӣ хел агар?
– Агар ин риштаи пайвандҳост, вале асрҳо он ба дарде даво набахшидааст. Агар боре ҳам қонуни ҷиноиро варақ мезадӣ, мефаҳмидӣ, ки содир кардани ҷиноят дар танҳоӣ сабукиҳои бештаре дорад, нисбат ба содиркунии ҳамон ҷиноят дар шакли гурўҳӣ.
– Як бому ду ҳаво гўед, чӣ хел як ҷиноятро ду хел тасвир намудед?
– Агар ҷиноятро шахси танҳо содир намояд ва ё ҷинояти содиркардаи гурўҳро ба зиммаи хеш гирад, ҷиноят шакли танҳоро мегирад ва он аз нуқтаи назари қонун ба ҷамъият хавфнок нест. Аз ҳамин лиҳоз он сабукиҳо дорад…
– Дар чунин мавридҳо ба ягон чиз умед баста мешавад?
– Надежда умирает последным.
– Ба ҳар ҳол?
– Новобаста ба баъзе ҳолатҳо «Ҳамдилон» то ҳадде, ки имкон ҳаст, баҳри аз гирдоб баровардани аъзоёнаш кўшиш мекунад. Чун ин кор даст надод, товони зарари маънавии шахсеро, ки гуноҳи дигарон ба души хеш гирифтааст, ҷуброн мекунад, дар акси ҳол…
– Наход дар зиндон ҳам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор