Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Милиса баҳри дайни гуноҳаш далелҳои коф дошт ва ӯ дар майдони набард чун сарбози ба асорат афтода, тарсу бим дар мағзу устухонаш... Ў ҳатто дар майдони набард қобилияти дифои хеш надошт, зеро боварӣ надошт, ки милиса дар марги Солеҳ Ҷалил ўро гумонбар нест. Маҳз ҳамин ҳолат ду ҳафта дар қалби ў ошён монда буд ва ў аз интиқоли маводи мухаддир дида, аз он метарсид, ки ба ҷурми одамкушӣ гунаҳкораш мекунанд.
– Эй Худои азза ва ҷал бандаро аз шармандагӣ эмин дор,- илтиҷо ба Офаридгор намуд ў.
“Худованд қодир аст гуноҳи бандагонаш бубахшад ба ҷуз хуни ноҳақ, - нидо омад аз қалбаш. – Худованд бахшанда ва меҳрубон аст аст ва ман ба омўрзиши ў ниёз дорам. Агар аз ин ҷо бароям танҳо ба тоату ибодат машғул мешавам.
– Офаридгор ба тоату ибодати бандагонаш муҳтоҷ нест ва муъминонро баҳри рўшнои андохтани роҳи охират ба чунин амал ҳидоят намудааст. Худат - ку сад бор тавба шикастӣ, боз чӣ мехоҳӣ?
– Одам шири хомхӯрда.
– Хуни нафареро, ки дар рўзи сахт дастат гирифт, рехтан гуноҳ нест?
– Ин амри боло буд, рафту банда саркашӣ мекардам, хуни худам мерехтанд.
– Набурад рагеро, нахоҳад Худо…
– Пас агар ман аз амри боло саркашӣ мекардам, хатаре бандаро таҳдид намекард?
– Ҳама кор бо амри Оллоҳ таъолост ва ба кори Офаридгор шак овардан хатост.” Мавҷи хаёлоташ ўро лаҳзае ба соҳили дигар партофт.
Онҳо ҳарду дар як вақт сари дуроҳа баромаданд. Қисмат онҳоро рў ба рў кард ё амри тасодуф, дигар фарқе надошт.
Хоҳу нохоҳ гом задан лозим меомад, вале чӣ хел. Ҳамин тарафи кор муаммои асосӣ буд.
Дар ҳоле ки ў қарор дошт, беҳтар мешуд, ки қисмати боқимондаи роҳро дар танҳоӣ мепаймуд. Мардумон бар он ақидаанд, ки дар роҳ ҳамсафар хуб аст, чунки саргарми суҳбат гардида, чӣ тавр паймудани роҳро намефаҳмӣ, бехабар аз он ки саргарми суҳбат шуда, вақтро бой медиҳӣ…

пешина
аз 513
навбатӣ