Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Васиёне, ки вайро баъди кофтукови шахсӣ аз шуъбаи навбатдорӣ бо дастони паси пушт то ба ин ҷо гусел намуданд, калиди қулфи дари фулодинро, ки Даврон ҳангоми пой бар остона гузоштан, дар як нигоҳ ба қулфҳои сейфҳои бонкӣ шабеҳ дод, тоб доданд. Садои тоб хўрдани калид низ мисли пўшидани худи дари фўлодин гўшхарош буд ва Даврон ба хулосае омад, ки на қулф ва на часпакҳои дар чанд соли охир равғанро надидаанд.
Ниҳоят ў қадаммониҳои ҷанобашонро шунид, ки аз пушти дар дур шуданд ва ўро ба ҳолаш гузоштанд. Ҳарчанд ҳанўз субҳ надамида буду манзили кунунии ўро нурҳои хираи барқӣ фурўзон медошт, вале чун бино бе тиреза буд, Даврон ба хулосае омад, ки рўзона ҳам ба рўшноии офтоб умед баста наметавонад.
Аз он чӣ ки милиса ўро ба ҳоли хеш гузошта, ҳатто дар шаб пурсиданашро раво надид, дарди дилаш паст нашуд.
Рӯзгори хешро пеши назар оварда ба хулосае, ки тамоми милиса сари по рост аст ва баҳри ҳуҷум далелҳои шайъӣ гирд меовард. Ў ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки дар ҳамин лаҳзаҳо “Гурдофарид” аллакай панҷоҳ фоизи гуноҳро дар шакли умум ва сад фоизро дар даст доштанаш дар интиқоли маводи мухаддир ба душ гирифтааст. Ў дар андешаи он буд, ки чӣ тавр Лайлиро аз ин варта берун орад, то гирифтори ҷазои маҳфили «Ҳамдилон» нагардад, бехабар аз он ки Лайлӣ аллакай дар бораи ў ба тафтишот чунон маълумоте додааст, ки дигар табар ҳам қудрати буридани он надорад…
Даврон борҳо аз забони ҳамдиёронаш шунида буд, ки мегуфтанд:
– Дар доми бало будан беҳ аз бими балост.
– Акнун зи чӣ тарсем, ки дар доми балоем,-дар радифи суханони мардумӣ ба ёд овард каломи шоирро, ки номашро ба гўшаи фаромушӣ дода буд. Мисли он ки маслиҳати хона дар бозор рост намеояд ва ё бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, на суханони маъмули мардумӣ ва на каломоти он шоири гумном тарсу бимро аз қалби ў берун карда натавонист.

пешина
аз 513
навбатӣ