Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў чун довар наметавонист ва ҳуқуқ ҳам надошт, ки ба кори ҳамкасбони дар ноҳияи Бўстонбудаи хеш баҳо диҳад.
Вале чун сухан аз баҳо рафт, капитани милиса ба Хоҷаева ва Ношинос, ки ўро Лайлӣ Анваровна Даврон ном гирифт, баҳо додан хост. Аз ҳамин лиҳоз, ў дафтари ҳолномаи ин ду танро, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор карда буданд, варақгардон кард…
Чун ҳарду тан бори дуюм барои ёфтани бор ба мавзеи содиршавии ҷиноят қадам ниҳода буданд, Сорбони Ҳомид дар симои ҳарду ғуломи нафсро дид, ки нафси саркаш онҳоро имшаб ба милиса оварда буд.
Ду - се рўз пеш ҳангоми майна об кардан дар сари доирачаҳои болои лисон, ки дар ин субҳи содиқ болои мизи кориашро оро медод, мақоми супоришдиҳандаро ба доирачаи қутби шарқӣ ва иҷрочиро ба доирачаи қутби ғарбӣ дода буд. Ҳарчанд ин доирачаҳо бо хати рост аз маркази ядро нагузашта буданд, вале шарқ бо ҷануб ва ғарб бо шимол пайваст буд, ки ба воситаи қутби шимолу ҷануб онҳо низ ба таври ғайримустақим бо маркази ядро пайваста буданд.
Сорбони Ҳомид боз кўшиш ба харҷ дод, то доирачаи қисми шарқиро бо шимол ва қисми ғарбиро бо ҷануб пайваст намояд, вале ин кор ба ў даст надод ва доирачаҳо дар ҳамон шакли аввалаашон бетағир монданд.
Ҳамин тавр ў Хоҷаеваро дар мақоми супоришдиҳанда ва Ношинос ё худ Давронро дар мақоми иҷрочии амалиёт дар қатли Солеҳ Ҷалил дид…
Садои пўшидани дари фўлодини ИВС он қадар дилхарош буд, ки ба дили бе ин ҳам ҳазини Даврон дуюмбора ангушт зад…
Ў чун бар остонаи бинои хурдакаки бетонӣ, ки ҷиҳозаш аз симтўри оҳанин ва курсии пояҳояш дар фарш маҳкамшуда иборат буду нурҳои хираи чароғи барқӣ аз паси панҷараи оҳанини сӯрохии пушти дар воридшуда рўшноии офтоби паси абрҳоро мемонд, беш набуд, қадам ниҳод ва дар кадом вазъ афтиданашро ба ёд оварда дилаш такон хўрд, чунон таконе, ки пеши чашмонаш сиёҳӣ зад ва бо дасти росташ қафаси чапи синаашро дошта бо азобе худро болои курсии ноҷунбон гирифт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор