Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ҳамаи инро дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои санҷишӣ, тафтишот муайян мекард, вале Сорбони Ҳомид ҳамин ҷо низ қадаме ба пеш гузоштан хост.
Ҷустуҷўи дурўзаи Ношиносро капитани милиса чун чашмбанди арзёбӣ намуд. Рафтори Ношинос онро мемонд, ки ў аз кардаи хеш пушаймон аст ва бори пинҳоннамудаи хешро дар дигар маҳал ҷўё шуд. Худи Ҳурматов дар харита мавзеи зери ҷустуҷў қарордоштаро нишон дод, ки аз ҷойи аслии бори ёфташуда хеле дур буд. Шояд Ношинос ба супоришдиҳанда хабар додааст, ки Солеҳ Ҷалил бе бор омада буд, вале супоришдиҳанда бо кадом роҳе аз бори оварда хабардор шудааст ва иҷрочиро ба ёфтани бори гумшуда, ки нархи гӯшношунид дорад, фиристод. Албатта, иҷрочӣ рўйирост гуфта наметавонист, ки худаш борро пинҳон кардааст ва ба ҷустуҷўйи бор баромада, нақши ҷўяндаро дар саҳна иҷро намудааст. Ҳамаи инро ба он хотир намудааст, ки рафту споришдиҳанда аз қафояш назорат барад, бубинад, ки ў ҷўёи бор аст…
Модоме ки Солеҳ Ҷалил тавассути АКСУ ба қатл расонида шуда буд, пас бе ёфтани автомат гуноҳи ҳардуро дар ин самт дайн кардан осон нест. Аздусар ҳар ду ҳам баҳри дифои хеш ба ҳамин самти сусти тафтишот ҳуҷум хоҳанд кард. «Мерседес»-ро бо супориши Ҳамид Ҷовид қариб сўзанкоб намуданд, вале яроқе ки бо он ҷиноят содир шуда буд, ёфт нагардид. Ба гумон аст, кофтукови манзили гумонбаршудагон низ натиҷае диҳад. Пас он яроқ куҷост?
Дар фазои хаёлоти ў чун тира абре симои Самандари Раҳим пайдо шуд. Ў саргузашти ҳузновари чўпон пеши назар овард. Саҳнаи чор сол пеш дар марз рухдода ва нақши ҳамяроқони Самандарро дар он шаби тор чун навори филми бадеӣ аз пеши назар гузаронд ва дар озмуни хаёлоти дилаш боз ҳамон прапоршики ба истеъфорафтаро ғолиб донист.
– Не, Самандари Раҳим агар яроқашро дода бошад ҳам, танҳо ба дасти командир додааст. Ў аз он дар шигифт буд, ки ин чанд рўз аз ШКД–и ноҳияи Бӯстон ба хабари оҷилии онҳо ҷавоб нафиристоданд…

пешина
аз 513
навбатӣ