Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ин шаб ў бо чашми хеш дид, ки Хоҷаева ва Ношинос чӣ тавр майли маркази ядро намуданд. Дар шаби тор ду фирори бо мақсади муайяне ба сайри Хушкакдара баромаданд ва аз лаҳзаи кунонидани шуданд, ки ҳамдигарро Лаҳзае пеш ронанд аввалин гузошт.
Дар таҷрибаи кории ў ниҳоят кам ҳолатҳое буданд, ки гумонбаршуда қариб бе ягон муқобилият дар байни як ду - соат гуноҳи хеш ба душ гирад. Аз он чӣ ки Хоҷаева гуноҳи хешро дар дарёфту интиқоли маводи мухаддир ба душ гирифт, ў хурсанд нашуд. Аслан ў ғалабаи осонро намеписандид ва ҳар он чӣ ки Хоҷаева гуфт, нимкосаи зерри косаро мемонд.
Рафтори Хоҷаева тактикаи ҳуҷумро дар ҷанги тӯлонӣ ба хотир меовард, ки таваҷҷуҳи душманро бо қувваи на чандон зиёд дар як самт ба сўйи хеш ҷалб намуда, ўро ба ҳуҷум намудан водор месозад. Чун душман тамоми қувваи хеш ба ҳамин самт равона созад, онҳое, ки чунин навъи ҳуҷумро ба нақша гирифта буданд, тамоми қувваҳои гирдовардаи хешро, ки дар самти муқобил пинҳон намудаанд, баҳри ҳуҷум дар самти бе қувва мондаи душман сафарбар намуда, хатти фронтро рахна намоянд. Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки Хоҷаева баҳри он гуноҳи хеш ба гардан гирифт, ки ўро ба ҳолаш гузорему гуноҳи дигарашро, ки дар қиёс нисбат ба инаш вазнинтар аст, ҷўё нашавем.
Аз он чӣ ки чанд рўзи дар зери назорати оперативӣ будан Хоҷаева ба ҷуз Ношинос, ки ба қавле дуюмӣ дар “ҳабси хонагӣ” буд, вонахўрдааст, Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки иштирокчиёни амалиёти шаби 22 ба 23 август дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод низ ҳаминҳоянд. Ў хабарҳои дорои характери оперативидошта ва ҳаракатҳои Ношиносро ҳангоми аз зери харсанги калон гирифта баровардани халтаи бор дар мизони ақл баркашида, ба хулосае омад, ки иҷрои баъди қатли Солеҳ Ҷалил бори ўро бо кадом мақсаде ҳангоми бозгашт ба роҳи калон пинҳон намудааст. Дурусттараш иҷрочӣ борро гирифта, сипас Солеҳ Ҷалилро ҳадафи тири хеш қарор додааст, чунки худи Солеҳ Ҷалил дар масофаи чорсад - панҷсад метр пештар аз ҷойи пинҳоннамудаи халтаи бор ба қатл расонида шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор