Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳ медамид…
Шамоли субҳгоҳои он қадар сару рўйи ў сила кард, ки хоб чашмонашро мисли ситораҳои дар фазои беканор пинҳоншуда тарк кард. Ниҳоят ў боз сари мизи корӣ баргашт ва аз байни коғазҳои ҷузвдон он коғази сабти нақшаю чорабиниҳои иловагиро, ки аввали шаб пеш аз амалиёт гузошта буд, берун овард. Доирачаҳои зери қутбҳо мавҷи хаёлоти ўро ба қафо бурданд. Гўё ҳамааш дирўз буд…
Ҳамагӣ ду рўз пештар баъди рафтани Самандари Раҳим ва ба мавзеи Хушкакдара фиристодани Гурезов ў болои ин лисони сафед, зиёда аз як соат майна об карда буд.
Сорбони Ҳомид вохўрии лаҳзае пештар бо Хоҷаева доштаашро пеши назар овард. Ў чашм аз доирачаҳо ва хатҳои пайвасткунандаи онҳо наканда, ҳамаро дар якҷоягӣ бо нишондоди Хоҷаева дар мизони ақл баркашид.
Доирачаҳо ва нишондоди Хоҷаева нўгҳои муқобили оҳанраборо мемонд, ки қувваи кашиш доштанд. Капитани милиса дар ҷудо кардани нўгҳои муқобилноми оҳанрабо талоши зиёде ба харҷ дод, вале бахт ба рўяш нахандид. Дар маркази лисон доираи калоне маскан гирифта буд, ки дар дохилаш бо ҳарфҳои хоно “Хушкакдара” сабти ном шуда.
Маҳз ҳамин доира ядрои марказӣ буд, ки доирачаҳои зери қутбҳо дар гирдаш давр мезаданд.
Не, доирачаҳо давр намезаданд, чунки онҳо на сайёра буданду доираи маркази на офтоб. Ҳамаи онҳо дар зери итоати инсон буданд ва ҳамагӣ ду - се рўз пештар сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД – и ноҳияи Саричашма капитани милитса Сорбони Ҳомид баъди андешаҳои зиёде мисли шатранҷбози моҳир ояндаи ҳарифро дар мизони ақл баркашид ва бо хатҳои рост онҳоро бо ҳам пайваст…
Хати аз қутби шимол сарчашма гирифта, аз маркази ядро гузошта, бо қутби ҷануб пайваст шуда буд. Ҳарчанд қутби шарқу ғарб аз маркази ядро намегузаштаанд, вале баъди талошҳои зиёде Сорбони Ҳомид қутби шарқро ба ҷануб ва қутби ғарбро бо шимол пайваст, ки онҳо низ дар маҷмуъ ба воситаи хатти аз қутби шимол ба ҷануб пайвастшуда ғайримустақим бо маркази ядро пайваст шуданд.

пешина
аз 513
навбатӣ