Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БО НАВОИ

БОРОН

Роман
Ҳанўз чашми рўз накафида, садои занги телефон фазои хонаро ба ларза овард. Дар панҷоҳ соли умри хеш борҳо шоҳиди он гаштаам, ки занги бевақт хосияти нек надорад.
Маҳз ҳамин ҳолат дили бандаро мушавваш сохт ва дар як мижа задан қобилияти дифоъро бо фикрҳои ботил аз даст додам. Новобаста аз он ки сарнавишт азалист ва аз тақдир роҳи гурез нест, занги телефон қалбамро ду пора сохт ва ҳамоно ҳар кадоме дар сангар ба муқобили якдигар нишастанд.
Як пораи дилам бар он ҳидоят мекард, ки ҳарчӣ тезтар аз ҷой бархезаму рафта гўшакро бардорам. Пораи дигар роҳи ин амалро гирифтан мехост.
Шояд вазъи Шабнам ҳам аз ман беҳтар набуд. Аз он ки ў кӯрпаро ба сараш кашид, фаҳмидам, ки нияти аз ҷой бархестану гўшаки телефонро бардоштан надорад. Вайро ҳам фаҳмидан мумкин. Соле пештар тахминан дар ҳамин вақту соат аз деҳа занг заданд, ў хеста гўшакро бардошт.
Зангзананда мисли он ки шахсро ба тўй хабар мекунанд, ўро ба ҷанозаи падараш хабар кард.
Баъди он Шабнам аз телефон дурӣ меҷуст ва агар эҳтиромаш ба касби банда намешуд, кайҳо телефонро пушти дар мемонд.
Ба ҳар ҳол занги телефон бандаро дар муҳосира монд ва дар сангар нишастагон ҳар кадоме маро ба тарафи хеш ово мекард. Болои сўхта намакоб, Шабнам ҳам муҳри хомўшӣ ба лаб гирифта буд. Телефон бошад, беист занг мезад ва дар назар чунин менамуд, ки ба торҳои асабам нохун мезанад.
Аз он ки зангзананда мақсади аз ин амали ноҷойи хеш даст кашиданӣ набуд, ба хулосае омадам, ки ў шиноси наздики хонадони мост ва ўро коре ба мо афтодааст, ки ба таъхир андохтанаш мумкин нест.
Садо он қадар дилхарош буд, ки ман чӣ тавр аз бистар парида хестанамро нафаҳмидам. Ба сабру тоқати муштарӣ чун довари бетараф аҳсан гуфтам.
Ниҳоят гўшакро бардоштаму гулӯ равшан кардам.
– Собир Файзович?
– Лаббай.
– Вохўрдан лозим.
– Шумо кӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ