Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, ман ўро мешиносам.
– Фамилия, ном ва насаби мусофир.
– Фамилияву насабашро намедонам. Номаш Даврон.
– Бори аз бағочӣ мошин ёфтшуда аз куҷост?
– Борро худи Даврон аз мавзеи Хушкакдара ёфтааст.
–Чӣ, дар Хушкакдара маводи мухаддир кишт кардаанд?
– Не, ба он ҷо борро курйер овард.
– Оварду ба дасти Даврон дод?
– Намедонам, ман аз роҳ набаромадам.
– Чӣ хел ба ин мавзеъ омадед? Бо супориши кӣ?
– Бо хоҳиши Даврон.
– Ба ёд оваред суханони ўро, ки шуморо ба ин ҷо овард.
– Даврон гуфт, ки имшаб аз соҳили Ому курйер меояд ва ўро пешвоз гирифтан лозим.
– Шумо худро дар интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор меҳисобед ё не?
– Ҳа, қисман.
– Чаро қисман?
– Чунки фоидаи бор ба куҷо меравад, ман намедонам. Гуноҳи банда ҳамин, ки ба гапи Даврон гўш дода, ба ин ҷо омадам.
– Аз шаҳр кай хестед?
– Баъди шом.
– Дар роҳ ягон ҳолатеро вонахўрдед, ки…
– Ба фикрам, як мошини «ВАЗ-2109» то баромадгоҳи шаҳр моро дунболагир буд.
– Ҳамаи ҳамин ҳолатҳоро ҳис карда, аз роҳи хеш нагаштед?
– Мо бовари комил надоштем, ки касе аз дунболамон аст.
– Шояд ягон иловае дошта бошед?
– Чӣ хел илова?
– Фарз намудем ягон иловае, ки асли воқеаи дар мавзеи Хушкакдара ёфтани даҳ килограмм маводи мухаддирро арзёбӣ кунад.
– Даврон гуфт, ки борро аз курйер гирифтааст.
– Мо бошем дар дигар андешаем.
– Чӣ шумо ба суханони ман бовар накардед?
– То ба ҳамин лаҳза бовар кардам, ҳарчанд қисми каме аз нишондоди шумо таҳрири ҷиддӣ мехоҳад.

пешина
аз 513
навбатӣ