Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳодисаи мазкурро ба гумонам ҳамин хел пешниҳод намекунанд.
– Чӣ тавр?
– Ба он обу ранги бадеӣ медиҳанд ва лаҳзаҳоеро аз зиндагиномаи он ду дилдода, ки дар хуни ҳазорон нафар мардум зомин шудаанд, рўйи саҳна меоранд, ки тамошобин ангушти ҳайрат мегазад, шояд гиребонашонро дошта, тавба мекунанд ва ба қаҳрамонҳои марказӣ, ки дар макр шайтонро ҳам гузаштаанд, нафрат мехонанд. Ҳамин лаҳзаҳояш дараҷаи ниҳоии филм хоҳад шуд.
– Туфта какая- та, а не филм.1
– Смотря с какого угля на него смотреть.2
– Ҳоло ҳамин хел гўед?
– Ҳамин хел.
«Чаро ў ба ман чунин нигоҳ мекунад? Не, нигоҳи ў нигоҳи одӣ нест, нигоҳаш чун нигоҳи ҳамон тамошобинон, пур аз нафрат. Шояд ў аллакай ҳодисаи мазкурро бо ҳама обу рангаш дар тахайюлоти хеш баркашидааст. Чаро ў яку якбора ба сари мақсад намеояд. Бо ҳама далелҳои доштаи хеш ў имкон дорад, ки яку якбора ба ҳуҷум гузарад.
Намедонам чӣ гўям? Ба фикрам, аз ҳама беҳтараш ба саволҳои ў ҷавоб додан аст. Зиндагиномаи ману Солеҳ Ҷалил ин панде баҳри ояндагон мегардад, ҳарчанд он боиси нафрати умум хоҳад гашт, вале ному пайкори моро дар шакли манфӣ ҳам бошад, дар таърих боқӣ хоҳад гузошт. Модоме ки Қамар Вайсович раҳми банда накардааст, пас куҷост кафолат, ки Даврон маро нафурўшад. Беҳтар аст, ки ман худам ҳама гуноҳро дар гардани ў бор кунам. Ҳуҷум воситаи беҳтарини мудофиа аст, чаро ман аз ҳамин имконияти охирин истифода набарам?» - аз дил гузаронд духтар ва гуфт.
– Беҳтар мешуд, агар шумо сари мақсад меомадед.
– Рафту шумо боз кўшиши моро ба иштибоҳ андохтан намоед, ман ба суҳбат нуқта мегузорам.
– Кўшиш мекунам, ки ягон ҳолатро пинҳон накунам.
– Бисёр хуб. Оё шумо ҳоло ҳам моро бовар мекунонед, ки мусофирро намешиносед?

1 Филм – не, сафсата.
2 Вобаста аз он ки аз кадом кунҷ менигарӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ