Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ хел? – пурсид Хоҷаева.
– Агар муфаттиш раҳмдилӣ зоҳир намекарду дар ҳамон вақт дафтари аъмоли ҷавонзан варақ мезад, аз эҳтимол дур набуд, ки ўро танҳо барои пинҳон намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашанд. Шояд ў ҳамон вақт ҳамиштирокчии ҷиноят ҳисоб мешуд ва дар он сурат ҳам суд ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаро дар рафти амалиёти судӣ ва баровардани ҳукм ба инобат мегирифт. Умуман, дар ҳарду ҳолат ҳам ҷавонзан имконияти бештари аз ҷавобгарӣ баромаданро дошт…
– Пас чӣ шуд?
– Чун ҷавонзан аз ҷазо барканор монд, далертар шуд ва нафси бадаш ўро барои содир кардани ҷиноятҳои навбатӣ ҳидоят кард…
«Аҷиб, ки ин кас саргузашти худи маро гуфт - ку. Аз куҷо ў аз ин бохабар шуда бошад. Оё ў медониста бошад, ки ҳамон ҷавонзани гуфтагиаш ҳоло дар рў ба рўяш нишастааст. Ҳар чӣ ҳам бошад, ў ба ман фаҳмонд, ки ҳама гуна ҳилаю найрангат беҳуда. Ҳамааш айби худам шуд, ки ман милисаро айбдор карданӣ шудам. «Эй айёс қадри худ бишнос» гуфтани мардум маҳз барои чунин ҳолатҳо будааст. Ман бошам, бо ҳама гуноҳи хеш боз теғу табар гирифта, ба сари милиса хестам, хостам ўро тарсонам, ки мо ҳам медонем шумо чӣ касед, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд. Ҳар он чӣ нисбат ба он ҷавонзан гуфт, заррае муболиға надошт. Аз он чӣ ки ў дар бораи он ду зардолу гап зад, маълум ки ба наздикӣ бо Файзуллоев вохўрдааст. Шояд сабаби марги Солеҳ Ҷалил ўро ба назди Файзуллоев бурдааст ва Қамар Вайсович ҳам ҳар бухсу кинае дар дил доштааст, аз сина берун овардааст.
Садқаи номи мардӣ шавад. Магар шарт буд, маро ба ёд овардан? То кунун гумон доштам, ки ў номи ман аз тафтишот пинҳон доштааст, вале ин ҳама хизмати худи муфаттиш будааст».
– Ҳамааш чун кино.
– Шояд баъди чанд сол аз рўйи ин ҳодиса филме офаранд.
– Аз ин ба ман чӣ суд?
– Намедонам, вале ояндагон бояд аз он панд гиранд.
– Баҳри панд гирифтан дар он лаҳзае ҳаст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор