Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Беҳтар мешуд, ки шумо аввал гиребони хеш бўй мекардед. Милиса бошад ба ёрии шумо ва шумо баринҳо эҳтиёҷе надорад.
– Ҳарчанд худам боре ҳам бо милиса сару кор надоштам, вале ҳолатҳоеро медонам, ки тозагии сафҳои милисаро ба зерӣ шубҳа мемонад.
– Чӣ хел бо милиса сару кор надоштеду нисбат ба тозагии сафҳои он шубҳа мекунед?
– Мепурсам, ки ақаллан ҳамин сухани маро рад накунед.
О, худатон маро ба гуфтушуниди рўйирост даъват кардед ва агар ба ҳамин суханон ҳам бовар накунед, эътиқоди ман на ин ки аз милиса, балки аз шумо ҳам мегардад.
– Милиса калимаест дар шакли кулл омада, мисли калимаи ҷангал ва албатта ҷангал ҳам бе хор нест. Дар ҳақиқат, ҳастанд нафароне, ки тасодуфан ба сафҳои милиса бо роҳи тағобозию дигар ҳолатҳои номаълум дохил шудаанд.
Шиори онҳо аслан “як рўз бошу хурўс бош” буд, ҳаст ва мемонад. Маҳз ҳамин нафарон доғҳои милисаанд. Барои шумо як мисол меорам. Чор сол пеш дар айёми зардолупаз ҷавонзане дар мошини шахсиаш ёрашро, ки ба интиқоли маводи мухаддир машғул будааст, ба километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе - Қаратоғ бурдааст. Вақти додугирифти маводи мухаддир зан аз мошин баромада, ба тарафи роҳ ба таги дарахти зардолу рафтааст ва чун додугирифти маводи мухаддир анҷом ёфтааст, он зан ба назди мошин баргаштааст ва бо ҳамон шахсе, ки маводи мухаддирро харидорӣ кардааст, ду дона зардолу додааст. Ба фикрам, ҷавонзан дар як нигоҳ ба дили он мард пайкон задааст. Баъди чанд моҳ он мард ба даст афтидааст ва он ки ўро ба ин кор ҷалб намуда будааст ва ҳам хонуми ба ҷойи ҳодиса рафтаро аз рўи нишонаҳои зоҳириаш фурӯхтааст. Ана, дар ҳамин вақт муфаттише, ки парвандаи ҷиноиро мебурдааст, нисбат ба ҷавонзан тараҳҳум зоҳир намуда, номашро дар ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ сабт накардааст, бехабар аз он ки «тараҳҳум бар паланги тездандон, ситамгорӣ бувад бар гўсфандон». Ба кадом мақсад муфаттиш ин корро кардааст, худаш медонаду Худо. Мо бар он андешаем, ки муфаттиш бо ин амали ноҷойи хеш ҳамон ҷавонзанро дар содир намудани ҷиноятҳои навбатӣ далертар намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор