Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нест!
– Наход, ки аз суд кардани зани муштипар шумо ҳаловат баред?
– Мо аз доираи қонун берун баромада наметавонем ва дар қонун нисбат ба ҷинояткорон ҷазо як хел аст, дар он ҷо зану мардро ҷудо накардаанд.
– Пас аз нуқтаи назари шумо ман ҷинояткорам?
– Ҳоло ки мо гуноҳҳои шуморо дайн накардаем, шумо гумонбар дар ҷиноят ҳисоб мешавед ва ба фикрам, собит кардани гуноҳои шумо душвор ҳам нест.
– Модоме ки чунин боварӣ доред, чаро вақти хеш беҳуда сарф мекунед? Беҳтар нест, ки яку якбора ба ман айб эълон намоед.
“Аз олами тафтишот бохабар менамояд. Ин дарсро ў аз кӣ омўхта бошад? Шояд аз ҳамон муфаттише, ки тараҳҳумро баҳраш раво дид,” - аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид ва гуфт:
– Тоқат кунед, ба он вақт ҳам хоҳед расид.
– Оё гуноҳи шахсро дайн накарда, ўро гунаҳкор шумурдан хуб аст?
– Шумо худатон ба бегуноҳиатон боварӣ доред?
– Гуноҳи ман ҳамин, ки марди мусофиреро рўйи роҳ дида, савор кардам. Дигар гуноҳеро дар худ намебинам.
– Ва аз куҷо он мардро савор кардед?
“-Афсўс ки ҳамин тарафи масъаларо бо Даврон муҳокима накардам ва акнун ин тарафи масъала ба фоидаи инҳост,”-аз дил гузаронд “Гурдофарид” ва гуфт:
– Аз роҳ.
– Маҳаллаи роҳро номбар кунед?
– Дар торикӣ ман нафаҳмидам, ки он маҳалла куҷост. Ба ҳар ҳол, дар роҳ ҳам ягон нишонаеро надидам, шояд ў худаш донад, ки аз куҷо савор шуд.
– Дурўғ гуфтан торикии имон аст ва ман ба шумо боз тавсия медиҳам, ки росташро гўед, ин танҳо ба фоидаи худи шумост. Ростиро бошад, заволе нест…
–Чӣ шумо ба суханони ман боварӣ надоред?
– Афсўс ки не.
– Шояд сабабаш он будагист, ки рост гуфтани ман ба манфиати милиса нест?

пешина
аз 513
навбатӣ