Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, дар ҳақиқат «санъати мо талафоти бузург додаст». Хайр канӣ, бубинем, чӣ мехонад…
– Фамилия, ном ва номи падаратон, - ниҳоят ба хомўшӣ нуқта гузошта пурсид соҳиби утоқ.
– Хоҷаева Лайлӣ Анваровна.
– Рўз, моҳ ва соли таваллуд?
– 19 июли соли 198…
– Ҷойи таваллуд?
– Деҳаи Ободони ноҳияи Роғ.
– Ҷойи истиқомат?
– Шаҳри Душанбе, кўчаи Гули Сурх 28\3, ҳуҷраи 16
– Маълумот?
– Олии иқтисодӣ.
– Ҷойи кор?
– Муваққатан дар ягонҷо кор намекунам.
– Ҷиҳати оилавӣ?
– Бешавҳар…
– Шумо ҳамчун гумонбар дар интиқоли маводи мухаддир дастгир шудаед ва шумо ҳуқуқ доред…
– Не, ба ман ҳимоячӣ ҳам лозим нест. Ба фикрам, шумо иштибоҳ кардед ва боварӣ дорам, ки ҳамааш дар ҳамин соатҳои наздик ҳал мешавад.
– Чӣ хел мо иштибоҳ намудем?
«Агар моро тасодуфан дастгир карда бошанд, Даврон ҳаргиз маро намефўрушад, чунки ў аз маҳфили «Ҳамдилон»
мисли бало метарсад ва агар сирро ошкор созад медонад, ки дасти дарози «Ҳамдилон» ўро зинда нахоҳад монд. Не, ў манқурти тайёр аст ва аз мурдан метарсад. Албатта, ҳамаи гуноҳро ба гардани хеш мегирад, вале агар инҳо гуноҳи ўро дар марги Солеҳ Ҷалил дайн созанд, вай маро чун ёвари шеф муаррифӣ хоҳад кард. Дар он вақт дигар роҳи гурез нест, вале ҳозир», - аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Беҳтар мешуд, ки дар ин бора соҳиби борро мепурсидед, ў ҳамаашро тасдиқ мекунад…
– Ман ба шумо фаҳмондам, ки ба гуноҳи хеш иқрор шудан дараҷаи гуноҳро сабук мекунад. Соҳиби борро бошад, мепурсем. Дар айни вақт мо шуморо ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят гумонбарем.
– Ва ҳеҷ илоҷаш нест.

пешина
аз 513
навбатӣ