Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто дар ҳамин пироҳани сиёҳ ҳам ў қодир аст ба дили ҳар мард пайкон занад. Модоме ки чунин аст, пас милиса ҳам истисно шуда наметавонад. Боз ў чӣ баҳона мекарда бошад?
Шояд аз лаҳзае аввали пурсиш ба ҳуҷум гузаштан лозим нест.
Сараввал ҳамин гуноҳашро нисбат ба даҳ килограмм маводи мухаддир, ки аз мошинаш гирифтем, дайн намоем, сипас коҳи кӯҳнаро (марги Солеҳ Ҷалил дар назар аст) бод мекунем…
Дар ҳолате, ки соҳиби утоқ ҳолномаи мусоҳибаш варақгардон мекард, мусоҳибаш низ роҳҳои аз ин варта баромаданро андеша дошт.
– Аҷиб, чаро тамоми милисаҳо имшаб сари роҳ баромаданд? Охир мо соати 23.40 дақиқа аз пеши ҳамин бунгоҳи БДА гузаштем. Ба фикрам, дар он ҷо паша пар намезад, пас чӣ шуд, ки баъди соати 24.00, дар ҳоле ки тамоми мардум дар хоб буданд, дар бунгоҳ милисаҳо пайдо шуданд.
Мисли замбурўғи баъди борон милиса баромад. Шояд онҳо аз қафои мо назорат доштанд. Ба кадом мақсад? Ё ҳамин хел тасодуфан рейд гузарониданд. Агар тасодуфан бошад чӣ хуб, вагарна… Дили духтарро ваҳм зер кард. Охир ў худ шунид, ки прокуратураи ноҳияи Гулобод нисбат ба марги Солеҳ Ҷалил парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Рафту милисаҳо дар ин бора ҳам ўро пурсанд. Ҳатто барои чунин ҳолатҳо ў бо Даврон маслиҳат ҳам накардааст. Рафту Даврон ҳамаро қоил шавад– чӣ? Бубин, мо оқибати корро нисбат ба шеф муҳокима намудем, вале боре ҳам милисаро ба ёд наовардем. Ман аз ҳеҷ ҳама сохтам, вале ҳамаро ба инобат нагирифтам.
Аз ҳама пеш ба бунгоҳи БДА ҳамин милиса омад. Чаро ў либоси милисагӣ надорад? Ў чӣ вазифа дошта бошад? Маълум, ки баъди ҳамон калонашон ҳамин кас аст. Дар бунгоҳ ҳам калони милисаҳо чанд маротиба ба назди ҳамин кас рафта чизе пурсид. Модоме ки чунин аст, ин касро низ мақому мартабааш калон аст. Чаро ў ба даҳон об гирифтааст?
Ё шояд гумон дорад, ки аввалин шуда ман ба гап медароям.
Не, хобатро ба об гўй. Шояд ҳусни банда ўро мафтун кардааст? Эй кош ҳамин хел мешуд. Бубин худро тарзе вонамуд кардааст, ки бинанда гумон созад, ки аз ў дида бечораю уволактар нест.

пешина
аз 513
навбатӣ