Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

… Соати 03.08 дақиқа Сорбони Ҳомид паси мизи корӣ нишаст. Расо баъди даҳ дақиқа Хоҷаева дар зери васигии милисае вориди утоқи Гурезов шуд.
– Сардор ин касро ба назди шумо фиристоданд, - ба таври расмӣ гузориш дод сержант Алиев.
– Марҳамат, гузашта шинед, - курсиеро нишон дод Сорбони Ҳомид ва ҷавонзани пероҳани сиёҳпўш, оне ки соате пештар дар бунгоҳи БДА гўши фалак дарида, ба ҷаноза рафтанашро собит кардан мехост, бо дили ҳазин ночор ба курсӣ нишаст. Алиев вазифаи хеш ба анҷомрасида ҳисобид, ки рухсати рафтан пурсид.
– Аз пайи коратон шавед, - гуфт Сорбони Ҳомид ва чун сержант утоқи кориро тарк кард, вай коғазҳоро аз ғалладони мизи кориаш бароварда болои миз гузошт. Ниҳоят ў лаҳзае ба рўйи мусоҳибаш нигарист, то бифаҳмад, ки аз он кибру ғурури соате пештардошта осоре мондааст ё на.
Дар нигоҳи аввал ў қариб тағйиротеро дар симои мусоҳибаш надид. Ҳарчанд ҳанўз ҷавонзан лаб ба сухан накушода буд, вале капитани милиса гургро дар ҷомаи меш дид. Ў, ки чанд рўзи охир ҳолномаи мусоҳибашро мавриди омўзиш қарор дода буд ва чанд соати охир ҳаракатҳои ҷавонзанро бо чашми хеш дид, ба хулосае омад, ки «санъати тоҷик чунин як нобиғаеро надида, талафоти бузурге додаст». Охир ақли кӣ мегирад, ки пероҳани сиёҳ ба баркарда ба содир кардани ҷиноят равад ва боз оби чашм рехта, исбот намояд, ки ба ҷаноза рафта истодааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки бо ин пероҳан ў на як бору ду бор барои мардум марги сафед бурдааст ва ин саҳначаро ҳам борҳо бозидааст. Умуман, ў нақши хеш бо тамоми ҳастиаш иҷро кард, бехабар аз он ки кўза на ҳама вақт аз соҳил бе осеб бармегардад. Бо ҳама ин ҳусни Худодод чаро ў ба чунин роҳ рафтааст? Агар чор сол пеш муфаттиши ноҳияи Сино раҳмдилӣ зоҳир намекард, шояд имрўз ин кас ин ҷо наменишаст. Бубин, муфаттиш оқибати кори хеш андеша накард ва ҷавонзанонеро, ки шояд он вақт ҷиноятро пинҳон кард, то ба ҷинояти калон кашид. Ана, ҳамин аст натиҷаи аз паси панҷа нигаристан ба қонун. Шояд дар ҳамон вақт зери коса нимкосае будааст. Охир бубин холи байни абрӯвони ўро, ки ба он ҳусни чун моҳ доштааш ҳусни нав зам кардааст ва шояд муфаттиш ҳам дар гирдоби ишқи ў дармонда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор