Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мо аллакай як бор бархилофи низомнома ба шумо гузашт кардем.
–Чӣ хел гузашт, кай?
– Лаҳзае пештар, ана хонум худашон медонанд. Ман амр кардам, ки мошинро аз назар гузаронида онро сар диҳанд.
– Аз хурд гуноҳу аз бузург бахшиш, гуфтаанд. Илоҳо ба муроди дилатон бирасед, давлати фарзандонро, бинед, тезтар моро сар диҳед.
– Сержант!
– Бале, рафиқ подполковник!
– Ду нафар шахси холисро ҷеғ занед, халтаро кушода мебинему сипас мошинро сар медиҳем.
– Бе ин намешавад? - пурсид марди мусофир.
– Намешавад. Талабот ҳамин. Модоме ки шумо худатон халтаи овардаатонро кушодан нахостед, мо худамон дар ҳузури холисон мекушоем, то ки ба шумо гап нарасад…
– Оҳ-ҳо, ин худаш чӣ гап?-халтачаҳои селофаниро, ки ҳар кадом қариб ним килограммӣ хокаи сафеди ба орд монанд доштанд, аз дохили халтаи калон бароварда гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Лаънатие, бубин маро чӣ тавр фиреб додаст! - ба адреси марди борфиристода борони лаънатро равона карда гуфт мусофир.
– Аз рўи шумо шуда ман ҳам, - оҳ кашида гуфт духтари дар тан пероҳани сиёҳ дошта.
– Бубахш. Охир агар ман мефаҳмидам, ки дар дохили халча чунин бор аст, ҳаргиз онро намегирифтам.
– Акнун чӣ кор мекунем?
– Намедонам, ҳамааш ба хўҷаин вобаста. Бузургон дили бузург доранд, барои ҳамин Худованд ҳам онҳоро дўст дошта, ба чунин мақомҳо бардоштааст. Шояд борро гиранду моро ҷавоб диҳанд?
– Магар ба амонат хиёнат кардан хуб аст? - талх карда гуфт Ҳамид Ҷовид.
Тамоми гуфтушуниди сардори милисаро бо ронанда ва мусофир лейтенанти калони Баҳриев, ки ў низ дар либоси ғайринизомӣ буд, ба навори аппарати «Сонӣ» гирифт. Дар ҳузури холисон бори дар халтабуда дар тарозу баркашида шуда, санад монда шуд…

пешина
аз 513
навбатӣ