Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ, шумо ўро намешиносед? - пурсид марди низомипўш.
– Гуфтам-ку не, ман ин касро аз роҳ гирифтам.
– Аҷаб нест.
– Шумо чӣ гуфтаниед?
– Ҳайронам, ки шумо дар давоми роҳ номи ҳамсафаратонро напурсидед.
– Бе ин ҳам ҳарду алами ман интиҳо надорад. Агар зарур намешуд, ман ҳеҷ гоҳ дар ин нисфи шаб ба роҳ намебаромадам.
– Шуморо мефаҳмем, вале шумо ҳам бояд фаҳмед, – бо як мулоимӣ гуфт марди низомипўш ва аз шахси дар дохили мошин буда хоҳиш кард, ки тезтар барояду вақти хонумро нагирад.
Ношинос аз мошин берун омад.
– Марҳамат, ба ин тараф гузаред, - гуфт марди низомипўш ва чун мусофир дар пеши бағочи кушодаи мошин рост шуд, мусоҳибаш ба ў савол дод, ки оё халтаи дар дохили бағоч буда аз они ўст.
– Аз ман.
– Гўед, ки дар дохилаш чист?
– Намедонам. Онро нафаре ба ман дода гуфт, ки то шаҳр барам.
– Ному насаби соҳиби халта?
– Ман ўро мешиносам, вале ба ростӣ ному насабашро намедонам.
– Бори шахси ношиносро гирифтан хуб нест.
– Шуморо фаҳмидам. Афсўс ки мо одамони бесавод сари вақт дар ин бора фикр накардем.
– Шумо ё фақат худат.
– Ман худам.
– Пас тасдиқ мекунӣ, ки ронандаро намешиносӣ?
– Бори аввал ин касро дидам. Худо умри фарзандонашро дароз кунад, ки маро рўйи роҳ дида, мошинро манъ кард.
– Оё розӣ ҳастед, ки халтаро кушоем? Беҳтар мешуд, ки шумо худатон онро мекушодед.
– Чӣ хеле гуфтам, бор аз они дигар кас. Шояд ба мо гузашт намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор