Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Маоши семоҳаи худат, ризқатро пеши по назан, - гуфт зан.
– Ин халта чӣ дорад?
– Намедонам, ин халтаи ман нест. Ман он мардро, ки дар кабина нишастааст, аз роҳ гирифтам.
– Шояд худи он мардро пурсем?
– Вай марди низомипўш калони шумост?
– Барои шумо чӣ фарқ дорад?
– Мефаҳмӣ, ки ман ба ҷаноза рафта истодаам. Сад афсўс ки ман он мардро аз роҳ гирифтам ва акнун афсўс мехўрам.
Биё, беҳтараш моро сар деҳ. Наход мард нисбати зан чунин бе тафовут бошад. Ана инро гиру маро сар деҳ.
– Беҳтараш ин корро накунед, - хоҳиш кард милиса.
– Хайр гап зан, ки дар мошин ягон чизе нест ва моро сар деҳ. Кўҳ ба кўҳ намерасад ва рафту мо рўзе вохўрем, некиҳоятонро ҷуброн мекунам.
– Ман наметавонам дурўғ гуфтан. Мефаҳмед, ман дурўғ гуфта наметавонам.
– Шояд пора пешниҳод кардани маро низ ба калонатон хабар диҳӣ, - талх карда гуфт духтар.
– Не, дар ин бора даҳон нахоҳам кушод, метавонед осуда бошед, - гўён сержант амр кард, ки ронанда дар дохили халтаи бағоч чӣ буданашро шарҳ диҳад.
– Ман намедонам, гуфтам, ки ин бори ман нест.
– Шумо чӣ маслиҳат доред? Чаро мошинро сар намедиҳед? - ба тарафи онҳо омада гуфт марди низомипўш, ки сари китфонаш ду ситораи калон дошт.
– Ин ҷо халтае ҳаст, ки ронанда чӣ доштани онро намедонад, - арз кард сержант.
– Дар халта чист? - пурсид марди низомипўш.
– Намедонам,-бо овози гирифта гуфт духтар.
– Пас чӣ тавр бор дар бағочи мошини шумо пайдо шуд?
– Ман аз роҳ нафареро гирифтам ва ў халтаашро ба бағоч монд.
– Канӣ он кас?
– Дар кабина.
– Набошад, соҳиби борро ҷеғ занед.
– Эй шуморо ҷеғ мезананд! - дари мошинро кушода овоз дод ҷавонзан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор