Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Баъди ҳашт дақиқа «Жигули» аз қафои «Мерседес-600»
дар бунгоҳи БДА бозистод. Чун онҳо аз мошин берун шуданд, занеро дар либоси мотам диданд, ки кормандони БДА-ро бовар кунонданӣ мешуд, ки ба ҷаноза рафта истодааст.
– Мо супориш дорем, ки ягон намуди нақлиётро баъди соати 01 шаб аз бунгоҳ гузашта намонем, - худро сафед карданӣ шуда мегуфт ҷавони навхате, ки дар либоси сержанти милиса буд.
– Охир ман ба ҷаноза рафта истодаам, наход нафаҳмед, ки ҷаноза чист.
– То субҳ сабр кардан лозим мешавад, хонум.
– Ака шумо ба ин кас фаҳмонед, - ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт ў.
– Мо ҳам худамон дар ҳамин вазъи шумоем, - посух дод Сорбони Ҳомид.
–Чӣ шумо ҳам ба ҷаноза…
– Не, мо то ба шаҳр рафтанием.
– Хайр як кумак намоед, ака, о, ин кас шири одам хўрдааст ё на? - бо овози гирифта ба тарафи сержанти милитса нигариста гуфт ҷавонзани сиёҳпўш.
Дар ҳамин вақт мошини дигаре, ки тамғаи милиса дошт, омада паҳлуи «Мерседес-600» қарор гирифт ва аз дохили он чанд нафар берун омаданд.
– Худаш чӣ гап? – пурсид марде, ки дар тан либоси низомӣ ва сари китфаш ду ситораи калон дошт.
– Моро гузашта намемонанд, - аз болои корманди БДА шикоят кард зани дар либоси сиёҳ буда.
– Дар шаб рафтан хатарнок аст.
– Охир мо ба…
– Майлаш, мошини ин касро аз назар гузаронида, ўро сар диҳед.
– Хуб шудааст, рафиқ подполковник, - гўён сержант ба тарафи мошин ҳаракат карда, амр намуд, ки ронанда бағочро кушояд.
–Инро гиру моро сар деҳ, - оҳиста ба тарафи сержант нигариста гуфт зан, ҳангоме ки бағочро мекушод.
– Ин чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор