Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ношинос зери харсанги калонеро тоза мекард.
– Аҷиб, вай чӣ мекофта бошад? - пурсид Баҳриев, ки бисёр мехост бори дигар ҳаракати ношиносро дар ин шаби тор назора намояд.
– Чӣ мекобад, чӣ мекобад? - аз асбоби назоратӣ шабон чашм наканда гуфт Сорбони Ҳомид, - сабр ва боз ҳам сабр.
Ҳамааш маълум мешавад.
– Рафиқ капитан, шояд ман асбобро дурусттар намоям, – пурсид Баҳриев.
– Асбоб ба дуруст намудан эҳтиёҷе надорад, вале чунин марди носабурро бори аввал мебинам, - гўён Сорбони Ҳомид ҷойи худро ба Баҳриев дода хоҳиш кард, ки ҳама лаҳзаи дидаашро ҳамоно шарҳ диҳад.
– Ношинос ҳанўз зери санги калонро тоза намуда истодааст… Ба фикрам вай, аз зери харсанг халтаеро баровард.
– Канӣ? – гўён Сорбони Ҳомид боз ба асбоби назорати шабона чашм дўхт.
Ношинос дар ҳақиқат аз зери харсанг халта ва ё чизеро ба халта монанд берун оварда буд. Ниҳоят ў аз ҷой бархест ва он халтаро, ки ба кулвори аскарон монанд буд, ба китф гирифт.
Сорбони Ҳомид мавқеи хеш ба Баҳриев ва Бутаев дода, аз натиҷаи назорати бадастомада ба Марказ хабар дод ва рухсати дастгир намудани Ношиносро пурсид.
– Ташвиш накашед, мошинро дар бунгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ нигоҳ медорем. Аминам, ки шумо ҳам баъди панҷ - шаш дақиқа ба он ҷо мерасед. Амалиётро, якҷоя ба анҷом мерасонем, - хабар дод Марказ.
– Соати 00.56 дақиқа Ношинос ба мошин нишаст ва як дақиқа пас мошин пардаи зулмотро дарида, ба самти шаҳр ҳаракат кард. Сорбони Ҳомид мошини овардаашро, ки дар тарафи чапи теппаи муқобил монда буд, барои ба рўйи роҳ баромадан рухсат дод. Сипас, ҳама якҷоя аз пайроҳае, ки Гулов рафта буд, ба тарафи роҳи автомобилгард ҳаракат карданд.
Онҳо Гуловро ҳамроҳи худ гирифта, рўи роҳ баромаданд ва лаҳзае пас мошини «Жигули» наздашон истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор