Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин кор ғайриимкон аст. Вале ба воситаи аппарати назорати шабона мавқеи ҳаракати Ношинос ва Хоҷаеваро муайян карда метавонем.
– Дигар илоҷе нест?
– Нест.
– Чӣ, илоҷ ба ҳаминаш ҳам шукр.
“Мо мардум ҳамеша қаноатпеша будем, ҳастем ва хоҳем монд. Маҳз ҳамин қаноатпешагӣ мардумро аз қадамҳои бад бозмедорад,” - аз дил гузаронд Баҳриев ва аз тайёр будан ба иҷрои амалиёти дар пешистода ва анҷоми кори хеш гузориш дод.
Соати 00.06 дақиқа моҳ ба ғуруб рафт ва тамоми мавзеи Гулобод бо ҳама бузургияш дар зери пардаи зулмот монд.
Ҳатто дигар чанд қадам пештарро дида намешуд.
Соати 00.13 дақиқа Гулов ба мухобира баромада, сардори гурўҳи дидбонгоҳи якумро аз ист намудани мошине, ки тамғаи онро муайян кардан ғайриимкон буд дар гардиши Хушкакдара огоҳ сохт.
– Тайёр шавед, амалиёт сар шуд, - хабар дод сардори гурўҳ.
Баъди панҷ - шаш дақиқаи дигар дар пайроҳае ба тарафи онҳо меомад, рўшноие чун чароғак дар уқёнус падидор шуд.
Рўшноӣ торафт ба тарафи онҳо наздиктар мешуд ва ба воситаи асбоби назорати шабона аз дидбонгоҳи якум суроби танҳоеро, ки ба воситаи чароғаки дастӣ пардаи зулмотро дарида, баҳри хеш роҳ мекушод, муайян намуданд. Дар ҳамин бора якум ба Марказ хабар дода, мавқеи Марказро дар бораи ҳаракатҳои минбаъдаи хеш донистан хост.
– Худро аён насозед. Назоратро давом диҳед.
– Шуморо фаҳмидам, - тугмачаи мухобираи дастиро зер карда гуфт Сорбони Ҳомид.
Баҳриев чашм аз асбоби назорати шабона нагирифта, самти ҳаракати объекти ношиносро бо овози начандон баланд, вале шунаво баён мекард.
Сорбони Ҳомид ва лейтенанти милиса Ҳурматов аз рўйи рўшноии чароғаки дастӣ самти ҳаракати Ношиносро дар харитаи Гулобод пеши назар оварданӣ шуданд…
– Рафиқ капитан! Рафиқ капитан! – бо ҳаяҷон сухан гуфт Баҳриев ва Сорбони Ҳомид ба тарафи Баҳриев, ки чанд қадам аз онҳо дар даромадгоҳи ҳандақ ҷой ишғол карда буд, ҳаракат кард ва чашм ба асбоби назорати шабона бурд.

пешина
аз 513
навбатӣ