Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аз қафои ман рост ба дидбонгоҳ, - гуфт Гулов ва мунтазири ҷавоб нашуда, худ ба роҳ даромад.
Сорбони Ҳомид ва Баҳриев низ аз қафои роҳбалад ба роҳ даромаданд. Онҳо аз қафои Гулов, аз байни алафзор боло баромаданд.
– Рафиқ сержант, роҳи ҳамвортаре нест? - эътироз кард Баҳриев.
– Эҳтимол бошад, вале дар шаб онро ёфтан душвор. Ба замми ин роҳе, ки ман шуморо мебарам, роҳи наздиктарин аст.
Баъди панҷ - шаш дақиқа онҳо пой бар остонаи дидбонгоҳ монданд, ки он ҳандақҳои давраи ҷангиро аз кинофилмҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёд меовард.
Сардори дидбонгоҳ дар бораи авзои умумӣ ва натиҷаи назорати чор рўзи охир ба Сорбони Ҳомид гузориш дод. Бо супориши Сорбони Ҳомид, ки акнун роҳбари гурўҳи якумро ба душ гирифта буд, Баҳриев ба омода сохтани воситаҳои техникӣ пардохт.
– Соати 23.43 дақиқа Марказ ба мухобира баромада, аз ворид шудани мошини «Мерседес-600» ба минтақаи Гулобод хабар дод.
– Хуш, хабари Марказро ҳамаатон шунидед?-пурсид Сорбони Ҳомид.
– Бале, - бо як овоз посух доданд нишастагон.
– Рафиқ Гулов, беҳтар мешуд ки шумо аз паҳлуи теппа гузашта, самти ҳаракати мошинро назорат мекардед.
– Хуб шудааст, рафиқ капитан, - вале назорати роҳ ба зиммаи гурўҳи дуюм гузошта шудааст.
– Дар рафти амалиёт мо ҳама як гурўҳ мешавем ва худро аз дигарон ҷудо намудан хуб нест.
– Шуморо фаҳмидам, рафиқ капитан. Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супоришатон шавам.
– Амал намоед!
– Лейтенанти калон Баҳриев!
– Ман.
– Мавқееро интихоб намоед, ки аз лаҳзаи аввал ҳаракати Ношиносро ба навор гирифта тавонед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор