Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Чӣ занҳоро аз маърака берун карданиед?
– Ҳаргиз ин хел нест, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки мард бояд қадами аввалинро гузорад.
– Оё гуфта наметавонед, ки кадом ҳолатро дар назар доред?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале фардо шаб ҳамаашро мегўям.
– Зинда бошем, мебинем.
Моҳи мунир, ки ҳанўз нисфи пурра нашуда буд, майли ба ғуруб рафтан дошт. Ба ҳар ҳол, вақте ки Сорбони Ҳомид ва Баҳриев рўйи роҳ фаромаданд, моҳ дар осмони беканора шино дошт. Сорбони Ҳомид ба мухобира баромада, аз омадани хеш кормандони милисаеро, ки дар рўихати алоқа таҳти рақами якум ёдрас мешуданд, огоҳ сохт.
– Худи ҳамин лаҳза сержанти милиса Гуловро ба истиқболатон мефиристем,– хабар дод якум.
– Хуш, рафиқ лейтенанти калон, ақидаи шумо нисбат ба ҳамин рўшноии моҳ чӣ хел аст?
– Рўшноии моҳро ман ҳамеша қадр мекунам, умуман, дар маҳали мо онро чароғи камбағалон ҳам меноманд, вале дар чунин шаб рўшноӣ ба мо хурсандӣ намеорад.
– Соате пас моҳ ҳам фурў меравад ва тамоми Хушкакдара дар зери зулмот мемонад.
– Зулмотро ҳам қадр мекунам, ба шарте ки меҳмонҳо биёянд.
– Надежда умирает последным.
– Умед бар ҳамин мебандем.
– Ба фикрам, ана вай ҳам омад.
– Кӣ?
– Гулов.
– О вай наменамояд – ку?
– Садои қадамҳояш пеш аз худаш расид, - гуфт Сорбони Ҳомид ва дар ҳамин лаҳза аз тарафи пушт касе рўйи роҳ фаромада, ба тарафи онҳо ҳаракат кард.
– Ана, вай омад, - гуфт Баҳриев суроберо рўи роҳ дида.
– Сержанти милитса Гулов, - худро муаррифӣ кард ҷавони дар либоси ғайринизомӣ буда.
– Хуш, ба куҷо равем? - пурсид Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор