Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳеҷ гап не, ана вай мошини УАЗ-469 ба ҷуз чароғакҳои асосӣ чароғи иловагии паҳлуи дарро ҳам фурўзон намудааст.
–Чӣ, вай ақлашро хӯрдааст магар?
– Надонам.
– Чаро ҳаракат намекунем?
– Монда шудам, - шиква кард ронанда.
– Гуфтам - ку шаб ба роҳ баромадан хуб нест.
– Акнун дер шуд, мо аз нисф зиёди роҳро паймудем ё ба қафо гардам?
– Аз роҳ гаштан хуб нест. Акнун ҳарчӣ бодо бод ба пеш рафтан лозим.
– Ба пеш бошад, ба пеш, - гўён Лайлӣ боз мошинро ба ҳаракат даровард.
–Лайлӣ!
– Лаббай.
– Фаромуш накардӣ?
–Чиро?
– Зиёфатро.
– Магар зиёфатро фаромўш кардан мумкин аст?
– Ман бошам гумон кардам…
– Гумони бад чӣ лозим? Чун сиҳату саломат аз Гулобод баргардем, аз сари субҳ тараддуди бегоҳро бин.
– Рафту шеф худатро омадан намонад – чӣ?
– Ту тайёриро бин. Ман аздусар баҳонаи аз шеф ҷудо шуданро меёбам.
– Ва шаб ҳамроҳи ман мемонӣ?
– Инаш вобаста ба худат аст…
Даврон ин дафъа чизе нагуфт, вале фаҳмид, ки Лайлӣ чӣ мақсад дорад. Дар ҳақиқат ҳамин ҳолатро ман бояд кайҳо ба инобат мегирифтам. Охир кадом зан аввалин шуда изҳори муҳаббат намудааст, модоме, ки шарму ҳаёро ҳусни зан гуфтаанд…
– Чаро хомўш шудӣ? - луқма партофт ронанда.
– Нисбат ба суханони обдори худат андеша кардам.
– Хуш, ба кадом хулоса омадӣ?
– Ба фикрам, дар ҳама кор мард бояд қадами аввалинро гузорад.
– Дар кадом кор?
– Умуман, дар ҳама кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор