Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Шояд як хубии сафари шабона ҳамин бошад,” - аз дил гузаронд Даврон. Акнун ҳамин як ҳуҷум монд ва агар он бобарор анҷом ёбад, ба воситаи Лайлӣ ў шефро розӣ мекунонаду аз «Ҳамдилон» мебарояд. Дигар чунин ҳамдилӣ ба ў лозим нест. Оқибат ишқи шеф ба маводи мухаддир рўзе моро хонавайрон мекунад. Ҳарчӣ бодо бод, аз ин мардум дурӣ ҷустан беҳтар. Бубин, бо Солеҳ Ҷалил чӣ карданд.
Модоме ки бо Солеҳ чунин ҷазоро раво диданд, пас вой бар ҳоли мо…
Дар замоне, ки Даврон сари андешаҳои бесару нӯги хеш ғӯтта мезад, тамоми ҳушу ёди Лайлӣ ба роҳ буд. Ў гоҳ - гоҳ ба оинаҳои паҳлу ва дохили мошин назар карда рӯшноиеро аз қафо надида хурсанд мешуд. То худи даромадгоҳи Гулобод бунгоҳи Бозраси давлатии автомобилӣ ҳам набуд ва инро Лайлӣ нағз мефаҳмид ва агар роҳ ҳамвору бе гардиш мешуд, дар байни ду - дуюним соат ба мавзеи Хушкакдара мерасиданд. Вале ҳоло имконияти зиёд кардани суръатро надошт. Роҳҳои пурпечутоби кўҳӣ қонунҳои нонавиштаи хешро доштанд ва ҳама гуна шитобкорӣ ба фалокат бурданаш мумкин буд.
Лайлӣ бо ҳама оҳиста ҳаракат намуданаш ба мошини тамғаи ЗИЛ – 130, ки мисли сангпушт дар роҳҳои пурпечутоб ҳаракат дошт, расид ва ба воситаи сигнал ўро барои роҳ доданаш маҷбур кард. Дар ҳолате ки ронандаи ЗИЛ мавқеи бехавфтареро барои аз роҳ баромадан ҷустуҷў дошт, “Гурдофарид” дар рӯшноӣ чароғҳои мошини хеш навиштаҷоти пушти ЗИЛ - ро мутоила намуд: “Оҳиста рав, ҳамеша рав.” Шояд ЗИЛ як соат пеш аз онҳо ба роҳ баромада бошад, вале оҳистаравӣ ҳам ҷо дошт ва баробари имконияти аввалин ў аз паҳлуи чапи он гузашт.
Дар яке аз гардишҳо мошине нохост аз пеши онҳо баромад ва бо рӯшноии хеш чашми ронандаро хира кард.
Рӯшноии ончунон тез буд, ки Лайлӣ ҳамоно пой ба тормоз бурд.
– Чӣ шуд? - аз байни андешаҳои хеш бурун шуда пурсид Даврон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор