Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба Баҳриев супориш дода шуд, ки воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, воситаҳои назорати шабонаро бо худ гирифта, ҳамроҳи капитани милиса Сорбони Ҳомид ба гурўҳи якуми дар дидбонгоҳи мавзеи Хушкакдарабуда ҳамроҳ шавад. Роҳбарии минбаъдаи гурўҳи якум бо зиммаи Сорбони Ҳомид гузошта шуд. Гурезов ва нозири минтақавӣ Раҷабов шомили гурўҳи дуюм шуданд. Гурўҳи мазкур назорати роҳро дар самти Хушкакдара ба душ дошт.
Назорати умумӣ ба зиммаи сардори ШКД ва муовини аввалаш оид ба корҳои оперативӣ Ғалиматшо Аҳмадов афтид. Соати 22.15 дақиқа ҳамаи аъзои гурўҳи фаврӣтафтишотӣ аз бинои милиса баромада, ба мошинҳое, ки тамғаи милиса надоштанд, нишастанд…
– Мошини «ВАЗ - 2109» куҷо шуд?– пурсид ронанда.
– Кадом мошин?
– «ВАЗ-2109» рангаш сафед?
– Ман ягон чизро мушоҳида накардам, - гуфт Даврон.
– Шояд дар назари ман намуд.
–Чӣ хел дар назарат?
– Ба фикрам, ҳамон мошин аз қафои мо назорат мекард.
–Чӣ хел назорат, ту чиҳо гуфта истодаӣ?
– Ором шав, шояд ман хато кардам. О, агар вай моро таъқиб мекард, аздусар аз қафоямон меомад. Не, вақтҳои охир ман хаёлӣ шудагӣ. Ё дар назарам ҳамин хел метобад.
Дар назарам, як рўзи дигар ҳам ман ҳамон мошинро дар куҷое дидам.
– Рақамаш дар ёдат намондааст?
– Не, ў моро таъқиб намекард, вагарна имконияти пурра дошт, ки аз қафоямон биёяд.
– Хайёлатро парешон насоз, ки нохост аз роҳ набароем.
– Муҳимаш, ки моро таъқиб накунанд, он тарафаш Худо подшост,– худро каме ҳам таскин дода гуфт ронанда.
Даврон ба оинаи дохили мошин нигаристанӣ шуд, вале ҳамоно аз райъаш гашт. Хайрият ин ҳолатро ронанда пайхас накард. Охир дар торики дар оина чиро мебинӣ? Ў аз тирезаи паҳлуи дар ба қафо нигарист. Дунё ҳама хомўш буд. Агар мошине ҳам аз қафоямон меомад, аздусар рӯшноӣашро медидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор