Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Шабе, ки мо дузд шудем, маҳтоб баромад,” - аз дил гузаронд Асоев ва ёрдамчияшро ба ҷустуҷўи Ҳамид Ҷовид фиристод. Хушбахтона, баъди панҷ дақиқа худи сардори ШКД ва Сорбони Ҳомид вориди бинои милиса шуданд. Чун навбатдор фаҳмид, ки онҳо ҳатто ёрдамчии ўро надиданд, матни аз телефакс гирифтаро ба дасти сардор дод.
– Сар шуд, - матнро аз назар гузаронида, коғази дар дасташ бударо ба Сорбони Ҳомид дода гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Ҳамин хел аст, – баъди мутоилаи барқия гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ҳамаи аъзои гурўҳи фаврӣ - тафтишотиро аз рўйи ҳодисаи куштор дар мавзеи Хушкакдара ба утоқи кории ман даъват намоед, - амр дод сардори ШКД ба навбатдор ва худ ҳамроҳи Сорбони Ҳомид ба утоқи кориаш рафт.
– Шояд Самадовро ҳам ҷеғ занем? - пурсид навбатдор.
– Танҳо кормандони милисаро, - суханашро бори дигар такрор намуд Ҳамид Ҷовид.
– Муфаттиши прокуратура ҳам аъзои гурўҳи фаврӣ тафтишотист, - баробари вориди утоқи кории сардори ШКД шудан гуфт Сорбони Ҳомид.
– Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест. Рафту дар ҳақиқат «Мерседес 600» ба минтақаи мо наояд, дар он сурат мо хандахариш хоҳем шуд. Не, беҳтараш бо қувваи хеш мо корро анҷом медиҳем. Барои муфаттиш ва Нўшервони Ҳалим мо сабти ҳолати дастгиркуниро пешкаш мекунем. Дарвоқеъ, мақсади ташрифи онҳоро шумо, рафиқ капитан, ҳамчун дарёфти бори гумшуда арзёбӣ кардед, ҳамин хел?
– Ба ҷуз ёфтан ё гирифтани бор онҳоро дар ин мавзеъ коре нест. Модоме ки онҳо шабона азми сафари Гулобод намудаанд, пас маълум мешавад, ки Ношинос он ду рўзро беҳуда сарф накардааст.
– Ба фикри шумо онҳо дар ҷустуҷўйи бор дигар вақт сарф нахоҳанд кард?
– Бале. Агар чунин намебуд, онҳо ҳеҷ гоҳ шабона намеомаданд.
Соати 21.50 дақиқа ҳамаи аъзои гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ дар утоқи кори Ҳамид Ҷовид гирд омаданд ва сардор онҳоро бо барқияи таъҷилии аз ноҳияи Марказӣ омада шинос намуд. Сипас, фикру андешаи ҳар кадомеро мухтасар шунида, амалиёти дар пеш истодаро тарҳрезӣ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор